http://cdn.livestream.com/grid/LSPlayer.swf?channel=tojik&autoPlay=false

Watch live streaming video from tojik at livestream.com
Реклама
Читать далее

ДУШАНБЕ: Ба чойи саг ОДАМРО ПАРРОНДАНД!

• Куштор: Оё инсонро метавон аз саг фарқ кард?
• Филмҳои амрикоӣ: Кӣ Рембо шудан мехост?
• Беэътиноӣ: Мурӣ, мурдан гир, ман туро саг гумон кардам…
• Ҷаноза: Осмон хун мегирист, аммо қотилон дар озодӣ буданд
• Такрори ҳодиса: Бори аввал нест, ки инсонро саг гумон мекунанд

1224622262_pistolet— Мо ҳарду баъд аз дарс дар клуби «Порт-Саид» ба ҳайси пешхизмат кор мекардем. Вақте аз кор баромадем, соат яки шаб буд. Чун нақлиёт набуд, мо пиёда сўйи хонаи Нуралӣ, ки дар кўчаи Назаршоев, ноҳияи Шоҳмансур воқеъ буд, роҳ пеш гирифтем. Ба «Вокзал» расидему ба он тарафи роҳ гузаштем. Назди бинои шўъбаи ноҳиявии «Амонатбанк» омадем, то тариқи бонкомат ба телефон пул гузаронем. Ҳамгоми баргаштан ба сўйи роҳе ки сўи хона мебурд, Нуралӣ ногаҳон гуфт:

«Оҳ, маро парронданд» ва афтид.

Читать далее


ТУРАЧОНЗОДА: КОЗИи собик ё КГБ-и содик?

Ин матлабро, ки саҳфаи интернетии msk.ru чанде пештар нашр карда буд, рўзи панҷшанбеи гузашта (09.04.2009) ҳафтаномаи «События» (марбут ба Сайидалӣ Сиддиқ) ва рўзи 14.04.2009 оҷонси давлатии «Ховар» бознашр карданд. Ин матлаб мисли матлабҳои «Ҷумҳурият» аст, ки Раҳматилло Зойиров ва Қувват Султонро сиёҳ карда буд. Ба ҳар ҳол, хонеду хулоса кунед. Дар наздиктарин фурсат, мо вокуниши Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзодаро ҳам барои Шумо пешкаш мекунем. Бо мо бошед!

news-5g4vumzuxb

Х.А.Турачонзода

Муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон он қадар хуб нестанд. Яке аз сабабҳои муташанниҷ гардидани муносибатҳои ин кишварҳо мавқеи на он қадар одилона ва на он қадар оқилонаи Русия — иттифоқчии стратегии Тоҷикистон мебошад. Роҳбари Русия моҳи январи соли равон зимни сафараш ба Ӯзбекистон вазъияти бӯҳронии Тоҷикистонро сарфи назар карда, дар бораи таваллудхонаҳо, шифохонаҳо, хонаҳои бачагон ва мактабҳои аз ҳавои хунук яхбаста чизе нагуфта, дар Тошканд зимни мулоқот бо Президенти ин мамлакат ҳаққоният ва зарурати ҷидду ҷаҳди халқи тоҷикро дар бобати ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ зери шубҳа қарор дод.

Читать далее


ХИММАТЗОДА: “ЧОР бор аризаи ИСТЕЪФОямро напазируфтанд”

Ин нома аз дасти як дӯст аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон то мо расид. Онро бидуни таҳрир нашр мекунем. Агар мехоҳед ва бовар мекунед, хонед. Вагарна, мушкил надорад.

23

М.Химматзода

«Ман, Ҳимматзода Муҳаммадшариф, вакили Маҷлиси Намояндагон (МН)-и Маҷлиси Олии ҶТ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бори панҷум аст, ки аризаи истеъфои худро ба МН ирсол медорам.

Соли 2005 дар интихоботи Маҷлиси Олӣ, ки ман аз рӯйихати ҳизб нафари аввал будам, ба вакилии ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагон интихоб шудам. Азбаски бемор ва ғайри қобили амал будам, барои худ ҳаққи маънавии нигоҳ доштани ваколати ҳизбро дар Маҷлиси Намояндагон надидам, зеро ба истеъфо рафтани ман роҳ барои соҳиби ваколати вакил гардидани нафари баъд аз рӯйихати ҳизбро муҳайё мекард.

Бинобар ин, аризаи истеъфоямро унвонии раиси Маҷлиси Намояндагон ирсол намуда тақозо кардам, то масъалаи истеъфоямро дар ҷаласаи МН баррасӣ намояд. Вале аризаи маро раиси МН баргардонид ва тавассути баъзе аз ҳамкорон маслиҳат дод, ки аризаамро пас гирам ва аз ин тасмими худ сарфи назар кунам. «Зеро ту бемор ҳастӣ ва эҳтиёҷ ба мошинаи хидматӣ ва маоши вакилӣ дорӣ, то ба ин васила дар ин давраи беморӣ каме ҳам бошад, барои давову табобатат кӯмак мешавад»,- гуфт раиси Маҷлиси Намояндагон.

Бо вуҷуди тарғиби Раиси Маҷлиси Намояндагон барои нигоҳ доштани вакилӣ худам инро салоҳ намедидам. Аз ҳамин сабаб, дар тӯли чаҳор соли сипаришуда чаҳор бор аризаи истеъфо навиштам, вале ҳар бор мавқеъи Раис нисбати истеъфои ман ҳамин буд. Аз ин хайрхоҳии Раис хуш шудам ва дар ҳаққи эшон гумони хайр доштам. Вале…

Билахира чанде муқаддам Маҷлиси Намояндагон Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динро қабул кард ва ман ба ҳайси вакили МН мавқеъи худро нисбати баъзе аз нуқсони мавҷуда дар қоунни мазкур дар матбуот навиштам. Зеро инро масъулияти динӣ ва ҳизбии ман тақозо мекард. Чи тавр ман як шаҳрванди ин кишвар дар нисбати қонуне, ки озодии эътиқоди ман ва интихобкунандагонамро маҳдуд мекунад, хомӯш биншинам, дар ҳоле ки аз он тарафи уқёнус нисбати нуқсонҳои қонуни мазкур садои эътирозии худро баланд карданд?

Оё ман ҳамчун вакил ин ҳаққро надорам, ки фикри худро дар ин мавзӯъ баён созам? Нашри ин мақола боиси нороҳатии Раиси Маҷлиси Намояндагон (Сайдулло Хайруллоев — Ойина)ва дигар мақомоти баландпояи ҳукумат гардид. Бинобар ин, раиси Маҷлиси Намояндагон бар хилофи мавқеъи собиқи худ дастур содир намуд, то мошинаи хидматиро боздоранд, инчунин барои бидуни фаъолият дар Маҷлиси Намояндагон маош гирифтанам, мавриди миннат қарор гирифтам. Маош гирфитан ва ба мошини хидмат таъмин шудани вакил барои ваколати вакилияш аст, на барои он ки бояд ҳатман ҳашт соат сари кори дар бинои Маҷлиси Намояндагон ҳозир шавад.

Дар шароити имрӯза дар бисёр кишварҳо вакил метавонад тариқи Интернет ҷараёни ҷаласаҳои парлумонро пайгирӣ ва ҳатто раъйи худро мусбат ва ё манфӣ нисбати қарорҳои он иброз намояд.

Суоле матраҳ мешавад, ки чаро тӯли ин муддат аризаи истеъфои маро қабул накарданд ва нагузоштанд, нафари дигаре намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Маҷлиси Намояндагон бошад? Ҷавоби ин суол он қадар мушкил нест.

Мавҷуд будани ду ё панҷ нафар мухолиф дар Маҷлиси Намояндагон чизеро тағйир намедиҳад. Инро хуб медонанд, вале ибрози назари мухолиф ва шикастани қолабро хуш надоранд ва ҳатто мавҷуд будани як нафар қолабшиканро таҳаммал карда наметавонанд, зеро шикастани қолаб ва эҷоди фазои озодандешӣ дар дохили Маҷлиси Намояндагон барояшон таҳаммулнопазир аст».

Муҳаммадшариф Ҳимматзода,
раҳбари маънавии ҲНИТ


ДУРӮҒИ Муродалӣ АЛИМАРДОН фош шуд?

140_news37221

Муродали Алимардон

Ҳич бовар накарданист. Аммо бовар накарда ҳам намешавад. Баъд аз се моҳи аудити махсуси Бонки миллии Тоҷикистон, ки аз сӯйи як ширкати бритониёӣ анҷом шудааст, аз натиҷаҳои он хабар дода шуд.

Дар як гузориши сисаҳифагӣ, ки дар саҳифаи интернетии Бонки Миллӣ нашр шудааст, аудиторҳо нахуст аз мувоҷеҳ шуданашон барои дарёфти баъзе аз маълумот изҳори ташвиш кардаанд. Аммо дар идомаи гузориш онҳо ироаи иттилоъи носаҳеҳ аз ҷониби Бонки миллӣ ба Сандуқи байнулмилалии пулро, ки муддате обрӯйи Тоҷикистон дар назди ин созмон ва кишварҳои сармоягузорро доғдор кард, ба Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонк, марбут донистаанд.

Ба навиштаи аудиторҳои ширкати Эрнст & Янг, ҷаноби Алимардон иқрор кардааст, ки маълумоти носаҳеҳ бо фармони ӯ ироа шудааст, чун вай ин амрро барои сармоягузории соҳаи пахтакорӣ ногузир донистааст. Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки дар фаъолияти раиси собиқи бонк ба истилоҳ «бархӯрди манофеъ» дида мешавад, чун бародару падар ва худаш раҳбар ва ҳамшарики ширкатҳои сармоягузори соҳаи пахтакорӣ будаанд.

АЗ ИН ҶО МЕТАВОНЕД, НАТИҶАИ АУДИТИ МАХСУСИ БОНКИ МИЛЛИРО, КИ АЗ СӮЙИ АУДИТОРҲОИ ШИРКАТИ БРИТОНИЁИИ «ERNST & YOUNG» АНҶОМ ШУДААСТ, БУБИНЕД:

nbt1

Баррасии фаъолияти Бонки миллӣ аз сӯи ширкатҳои мустақили аудитӣ яке аз дархостҳои Сандуқи байнулмилалии пул буд, ки ба далели ироаи иттилоъоти ғайривоқеъӣ аз сӯи ин бонк ба Сандуқи байнулмилалии пул сурат гирифта буд.

Соли гузашта Сандуқи байнулмилалии пул мақомоти Тоҷикистонро дар ироъаи иттилоъоти ғайривоқеъӣ ва бар асоси он дарёфт намудани беш аз 47 миллион доллар муттаҳам карда, аз Бонки миллии Тоҷикистон хост, то ин маблағро баргардонад. Бонки Миллӣ ҳам ин иддаъои Сандуқи байнулмилалии пулро куллан пазируфт ва гуфт, ки пули онро бозпас медиҳад.

Беш аз 47 миллион доллари дарёфтнамудаи Тоҷикистон, ки мебоист барои коҳиши низоми камбизоъатӣ дар кишвар масраф мешуд, он ҳамаро ҷаноби Алимардон раиси вақти Бонки Миллӣ барои рушди соҳаи пахтапарварӣ, ки фоидааш ба кисаи онҳо низ мерасид, сарф кардааст. Дар ин бора низ дар гузориши аудиторони Бонки Миллӣ ишора рафтааст.

Дар сӯҳбат бо аудиторҳо худи Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки Миллӣ ва ҳоло муъовини сарвазир дар риштаи кишоварзӣ, гуфтааст, ки ҳадаф аз рӯпӯш кардани иттилоъи дақиқ рушди пахтапарварӣ буд. Чун ба таъкиди ӯ дар минтақаҳои Тоҷикистон пунбапарварӣ шуғли аслӣ ба ҳисоб меравад ва давлат бояд аз онҳо ҷиддан пуштибонӣ кунад.

Аммо дар идомаи гузориш омадааст, ки бештари мавболиғи гирифта аз Сандуқи байнулмилалии пул ба ширкати «Хима» дода шудааст, ки он ба Исматулло Ҳаёев ва Муродалӣ Алимардон тааллуқ доштааст. Аммо ҷаноби Алимардон ин нуктаро радд карда ва гуфтааст, ки ин танҳо овозае беш нест.

Акнун саволе дар миён меуфтад, ки кӣ бояд маблағи Сандуқи байнулмилалии пулро диҳад: Бонки Миллӣ ё Муродалӣ Алимардон? Ва ҳам посухи саволе бояд рӯшан шавад, ки чаро ҷаноби Алимардон якбора аз Бонки Миллӣ ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ рафт? Чаро вай дар Бонки Миллӣ наистод, то аудити он анҷом ёбаду дурӯғҳо фош шаванд ва гунаҳкорон муҷозот шаванд?

Дар ин бора субҳи имрӯз саҳфаи интернетии Радиои Озодӣ ҳам навиштааст. Аммо ҳоло ба далели номаълум нукоти калидии ин гузориш рӯйи сафҳаи Бонки Миллӣ кушода намешавад. Шояд баъд аз он ки баъзеҳо аз он огоҳ шуданд, Бонки Миллӣ гузоришро қуфл задааст.


«ДИЛАМ аз ҳукумат МОНД»

salmonl

Салмон Лангариев

Бобои Салмон ё Салмон Лангариев ба ин натиҷа фақат баъд аз он расидааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмадсайид Убайдуллоев ӯро натанҳо ба ҳузур напазируфтаанд, балки додашро ҳам нашунидаанд. Ин ду нафаре, ки ба гуфтаи Бобои Салмон, замоне барояшон хидмат карда одами зарурӣ будаасту ҳоло нозарур шудааст…

«Дӯстони кӯҳна ба мо хиёнат карданд…», — ин ҷумларо низ Бобои Салмон гуфтааст. Вай ҳарчанд аз дӯстони хиёнтакораш ном набурдааст, аммо аз рӯйи шикваҳояш рӯшан аст, ки Раҳмон ва Убайдуллоев шарти дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ӯро риъоят накардаанд. Ҳатто ба гуфтаи Бобои Салмон, Убайдуллоев дар посух ба телеграммае, ки аз ӯ гирифта буд, чунин навиштааст: «Қабул карда наметавонем. Ба куҷо мехоҳӣ, навис…»

Салмон Лангариев — падари Сӯҳроб Лангариев аст, ки ахиран бо ҳафт тан аз ҳамроҳонаш аз сӯйи Додгоҳи олӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Салмон Лангариев аз ин бархӯрди ҷиддии мақомот бо фарзандаш башиддат изҳори норизоятӣ кардааст.

Вай ба ҳафтаномаи «Нигоҳ» гуфтааст, дар мурофиаи додгоҳии писару ҳамроҳонаш ба ҷуз ӯ ҳич нафари дигаре даъват нашуданд. Бобои Салмон, ки солҳои тӯлонӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кардааст, мегӯяд, бояд парванди гурӯҳи Сӯҳроб дар Кӯлоб баҳс мешуд. Аммо ба гуфтаи вай, мақомот аз халқи Кӯлоб тарсиданд. Ба ин далел, ки ба қавли Бобои Салмон сокинони Кӯлоб ба по мехестанд ва аз Сӯҳроб Лангариеву ҳамроҳони ӯ дифоъ мекарданд.

Судҳо низ мавриди интиқоди Бобои Салмон қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи вай, судҳо дар Тоҷикистон дигар мусутақил нестанд ва бори тобеияти ҳукуматро мекашанд. Вай бо ин ҳама қаноъат накарда ва гуфтааст, бори дигар ба нияти сабук кардани мӯҳлати ҷазои фарзандаш ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат мекунад ва агар ин ҳам нашавад, аз Идораи умури ҳуқуқи башари Созмони Милал додхоҳӣ хоҳад кард.

Эълони ҳабси якумрии Сӯҳроб Лангариев ва ҳамроҳони ӯ ҳамчунин вокунишҳои мухталиферо дар маҳофили Тоҷикистон дар миён гузоштааст. Аммо он чи ки бештар коршиносон ва фармондеҳони собиқро ба андеша водор мекунад, бархӯрди ҷиддии мақомот бо Сӯҳроб Лангариев ва шарикони ӯст. Дар ҳоле ки то моҳи майи соли гузашта номи Сӯҳроб Лангариев барои ҷомеаи Тоҷикистон чандон ошно набуд ва ҷиддан аз ӯ ба унвони мухолифи мусаллаҳи ҳукумат ҳам ном бурда намешуд.

Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни пешини тоҷик, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки давлати Тоҷикистон бо «қурбонӣ» кардани Сӯҳроб Лангариев мехоҳад қудратмандии худ дар баробари мухолифони мусаллаҳашро баён кунад.

Соли гузашта худи Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳонаш, ки дар Раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккил дар Рашт, кор мекарданд, бо гурӯҳи махсуси Вазорати умури дохила вориди як даргирӣ шуданд. Мақомот алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз кард, аммо баъд аз сафари расмии Раҳмон ба Рашт онҳо мавриди авф авф қарор гирифтанд. Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳонаш дар посух ба ин бархӯрд бо талаби мақомот силоҳҳои худро ба давлат таслим карданд.

Мақомоти расмӣ то ҳоло аз пахши ҳар гуна иттилоъе дар бораи Сӯҳроб Лангариев ва шарикони ӯ худдорӣ мекунанд. Вале гуфтаанд, ки Сӯҳроб Лангариев ва аъзои дигари гурӯҳи ӯ барои даст доштан дар ҷиноёти марбут ба қочоқи маводди мухадир, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва мухолифати мусаллаҳона ба ҳукумат гунаҳкор ва ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд.

Вале баробари шикояти вакилони дифоъи онҳо, Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло имкони баҳси аризаи даъвогиро дорад. Ҳарчанд коршиносон ироъаи сабукие барои мӯҳлати адои ҷазои Сӯҳроб Лангариев ва ҳамроҳони ӯро баъид медонанд.

1013881042

Лангари Лангариев

Сӯҳроб Лангариев, бародари хурдии Лангарӣ Лангариев, яке аз фармондеҳони аршади Ҷабҳаи Мардумӣ, моҳи майи соли гузашта дар пайи як амалиёти вижа дар Кӯлоб, дар манзили зисташ, боздошт шуда буд. Дар миёни онҳое, ки ҳамроҳи ӯ ҳукм гирифтанд, шаҳрвандони Афғонистон ва хешу ақрабои дигари Лангариеву Сангак Сафаров, фармондеҳи пешини Фронти Халқӣ, ҳам буданд.

Гуфта мешавад, ки баъди Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, раиси собиқи Оҷонси мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини «Тоҷикгаз» ва раҳбари демократҳои Тоҷикистон, Сӯҳроб Лангариев ва ёрони ӯ нафароне ҳастанд, ки бо ҷурми доштани силоҳ ва кӯшиши табадуллоти давлатӣ ба зиндон афканда шудаанд.

Вале Бобои Салмон ҳамоно ба уммед аст. Агарчи бовар надорад, ки ба гуфтаи ӯ дӯстони хиёнаткораш раҳм кунанд ва Сӯҳробашро ба ӯ баргардонанд…


“ДУ ДУРУГИ BBC” ё манфиати милли манфиати давлатист?

То кай таъриф ва то кай сархами?

То кай таъриф ва то кай сархами?

Аслан дар ин бора намехоҳам баҳс кунам, ки BBC дурӯғ мегӯяд ё намегӯяд. Ин кори ман нест. Аммо мехоҳам дар бораи онҳое гӯям, ки дар пушти пардаи дурӯғ аксаран сураташонро пинҳон карда ва барои ҳамеша аз ибораи «манфиатҳои миллӣ» барои худ сипар сохтаанд.

Ҳамин панҷшанбеи гузашта муассис ва сардабири ҳафтаномаи сиёсии «Миллат» дар матлаби кӯчаке таҳти унвони «Ду дурӯғи BBC» гуфтааст: «маслиҳати ман ба дӯстони хабарнигори расонаҳои хориҷӣ, ки аксарияташон ҳамватанони мо мебошанд ин аст, ки корашонро мунсифона, бидуни ҳангомаҷӯиву таҳрифкорӣ анҷом бидиҳанд…».

Ин танҳо мавқеъи сардабири «Миллат» нест. То ин замон ҳам бархеҳои дигар расонаҳои байнулмилалӣ ва ҳамкорони онҳоро барои хизматашон ба «хоҷагони хориҷӣ» муттаҳам карда буданд.

Аммо онҳо то ҳоло дақиқ нагуфтаанд, ки чи нукта бояд барои мо муҳим бошад: Пуштибонӣ аз мавқеъи давлат ва ё пуштибонӣ аз онҳое, ки бо ниёзе пушти дари Қасри раисиҷумҳур мераванд, аммо касе ҳозир намешавад барояшон кӯмак кунад?

Ва дарвоқеъ намефаҳмам, ки барои мо манофеъи миллӣ чист? Ин ки ба номи Раҳмон савганд хӯрем, ӯро арҷ гузорем, шоҳ гӯем, барояш шеър нависем, таъриф кунем, китоб эҷод кунем ва аз ҳама иштибоҳи ӯ чашм пӯшем? Ё бигӯем, ки давлат дидаву дониста мехоҳад сокинони фақирашро аз ҷойи корашон маҳрум ва ё андозро барояшон гаронтар кунад?

То имруз ҳамагӣ аз мавқеъи раисиҷумҳур ва команди ӯ пуштибонӣ карданд. Фақат ба далели ин ки сулҳу субот халалдор нашавад. Аммо дидем, ки вазъ беҳбуд наёфтааст.

Ҳанӯз атфоли мо бе боғчаи бачагона ҳастанд. Ҳанӯз наврасони мо дар вагонҳо дарс мехонанд ва қисмати бештари онҳо муаллим надоранд. Муҳоҷират то нуқтаи охираш расидааст, ки дигар тифли мо дар ғурбат ба дунё меояд.

Акнун тифлони мо зиндаятиманд ва падари худро солҳост, ки надидаанд ё фақат «хатти сиёҳ»-ашро гирифтаанд. Пас, мо бояд ин ҳамаро пинҳон кунем ва гӯем, ки ҳама олист ва мо камбуд надорем? Он вақт ба шумори онҳое дохил мешавем, ки аз манфиати миллӣ ҳимоят мекунанд?

Бо ин то куҷои дигар хоҳем расид? То куҷое, ки аз ҳоло миллат хору залил шудааст. Миллат то гардан дар қарз ғӯтидааст.

Боъис ба малоли хотири бархеҳо нашавад. Аммо нашрияҳои ба ном мустақили Тоҷикистон, ки асарият ба номи «худшиносии миллӣ», «ғурури миллӣ» бозӣ мекунанд, дар назди ин давлату ҳукумат дасти кӯтаҳ доранд. Ва фикр мекунанд, ки ҳузур ва бақои ин ҳукумат миллат аст ваманфиати онҳо, манфиати миллат аст.

Беш аз ин дигар намешавад халқро гӯл зад. Онҳо дигар фаҳмидаанд, ки мо то куҷо ҳақиқатро мегӯем ва то куҷо аз ҳақиқат фосила мегирем. Барои ҳамин ҳатто серхонандатарин рӯзномаи тоҷикизабон тақрибан даҳ ҳазор тираж надорад. Халқи мо мехоҳад рӯзнома хонад. Аммо рӯзномаи хонданӣ надорем. Нашрияҳо ҳам косалес шудаанд. Ва халқ нашрияеро намехарад, ки ҳама мушкили ӯро сарфи назар кардааст. Агар не, чаро «Рӯзи нав» дар бозори матбуоти Тоҷикистон серхаридор буд?

Барои ҳамин, як бори дигар фикр кунед: Шумо дурӯғ мегӯед ва ё онҳое, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд ва аз мушкили сокинон мегӯянд?

Ва ҳам бияндешед: Магар ҳимоят аз мавқеъи ҳукуматдороне, ки то кунун натавонистаанд ҳафт милюн тоҷикро дар сарзамини худашон хушбахт гардонанд, ҳимоят аз манфиати миллист ё хиёнат ба он???