Сагеро хуни дил додам, ки бо ман ошно гардад,
Надонистам, ки саг хун мехурад, хунхор мегардад.
ХУДОРО ФАРОМУШ НАКУНЕД!!!
Агар ибодати ман аз бахри Чаннатат бошад,
Маро аз он Чаннатат махрум бикун, Худоё.
Ва ё гиряхои ман аз тарси Дузахат бошад,
Маро ба он Дузахат махкум бикун, Худоё!
Аммо ба Рузи Махшар, Ту эй холики Акбар,
Зи дидани чамолат махрум нагардони бас, Аллох!
Ба хаждах хазор олам ягона подшох туи,
Зи холи бандагони худ хамеша огох туи,
Ба банда пушту паноху хамеша хамрох туи,
Дигар хама гунахкорем, факат бегунох туи.
Худат магфираткунанда, худат рахнишондиханда,
Зи дидани чамолат махрум нагардони бас, Аллох!
Чи хуш, ки ошикат шудам, илохи, ошиктарам кун,
Дар оташи ишки покат, бисузу хокистарам кун,
Ман умри бокимондаро фидои номат мекунам,
Туро факат мепарасатам, ба ту ибодат мекунам.
Пагох рузи Киёмат, Ту эй сохиби каромат,
Зи дидани чамолат махрум нагардони бас, Аллох!
Радиои IWPR барои Точикистону Киргизистон
Дустони арчманд,
Имруз хуш шудам, ки боз як созмони байнулмилали имкон фарохам кардааст, то мушкили сокинони Точикистон ба ду забон – руси ва точики ба гуши дигарон расад. Ин икдоми навбатии созмони IWPR аст. Бо сипос аз икдомгарони ин барнома, ки намедонам, то чанд муддати дигар идома мекунад, шуморо ба ин чо даъват мекунам:
Чи гуна набераи ТАЛБАК НАЗАРОВ Мисс Душанбе шуд?
Дар соли 2008 баъд аз чанд соли танаффус анъанаи баргузории озмуни “Маликаи хубон” дар Точикистон аз сар гирифта шуд. Нахустин чунин сабкати зебосанамхо имсол дар пойтахт ва бо исми “Мисс Душанбе” ё “Маликаи Душанбе” доир шуд.
Дар ин сабкат Нигина Назарова,
донишчуи 20-солаи риштаи карзу молиёти Донишгохи славяни ғолиб омад ва унвони фохираи “Маликаи Душанбе”-ро сохиб шуд. Маликаи Душанбе набераи вазири пешини умури хоричии Точикистон Талбак Назаров аст.
-Ман, Нигина Назарова, ғолиби озмуни “Мисс Душанбе-2008″ хастам ва барои хамаи Шумо салом мегуям. Дар бораи ин озмун эълони зиёд буд ва ман хостам неруи худро санчам, ки оё метавонам бо одамон муносибати хуб дошта бошам ва оё часорати ман кофист, то пеши чамъияти зиёд суханрони кунам. Хамин тавр, неруи эчодии худро санчидаму тамом.
-Пас, то кучо аз “санчиш”-и худ каноатманд шудед?
-Озмун аз чанд мархила иборат буд ва онхо бехтаринхоро интихоб мекарданд. Дар оғози озмун мо шонздах довталаб будем ва дар раксу суханрони, муносибат бо одамон ва зебоии зохири “кувваозмои” намудем. Дар охири озмун барои пирузи дах нафар боки мондем, ки яке аз онхо ман будам ва унвони “Мисс Душанбе-2008″-ро сохиб шудам.
-Аммо дар мавриди пирузии Нигина Назарова бахсхо мухталифанд. Баъзехо мегуянд, ки аслан хакки ширкат дар озмуни “Мисс Душанбе”-ро надоштаед, чаро? Шояд аз ин сабаб, ки зодгохатон дигар аст…
-Бале, ман дар шахри Налчик зода шудаам, ки дар ин бора бахсхои хеле тунд сурат гирифт. Бисёрихо мегуфтанд, ки точикдухтар нестам ва барои ширкат дар озмуни зебосанамони Душанбе низ хак надорам.
Бовар кунед, ман точикам, вале хамингуна иттифок уфтодааст, ки дар шахри дигар таваллуд шавам. Холо бист сол дорам ва дар бахши молиёту карзи Донишгохи славянии Точикистону Русия тахсил мекунам. Мехохам дар оянда яке аз фаъолони умури бонки бошам. Бовар дорам, ки дар ин самт муваффак мешавам.
-Як нуктаи дигар. Шумо пирузии худро дар чи мебинед: вокеъан хусни зебо доред ё ба далели ин ки набераи Талбак Назаров хастед?
-Вокеъан хам набераи Талбак Назаров хастам. Холо бисёр овозахо хам шудаанд, ки гуиё ба ин далел ман ба пирузи дар озмуни “Мисс Душанбе-2008″ даст ёфтаам. Аммо мегуям, ки хич нафаре аз пайвандон ва наздикони ман барои пирузиям дар ин озмун кумак накардаанд. Хамчунин,
ману хонаводаам харгиз номи Талбак Назаровро барои реклом ё пияри худ истифода накардаем. Хар касе ба ин бовар надорад, бехтар аст, ки бо чашми худ озмуни “Мисс Душанбе”-ро бубинад. Шояд баъд аз он хулосааш дигар шавад.
-Чиро бештар дуст медоред?
-Аслан, дар вактхои холигиям китоб мехонам ва ин навъе аз шуғли писандидаи ман аст. Мутаассифона, холо вакти холи надорам. Хамчунин, дуст медорам, ки хамрохи дустону наздикон бошам. Холо онхо низ аз ман шиква мекунанд, ки ба далели кори бисёр ва хам санчишу имтихонхо наметавонам хамрохашон бошам.
-Барои нигахдории зебоии худ чи кор мекунед ва чи кадар вакти Шумо барои зебои сарф мешавад?
-Хар он ороише, ки субх мекунам, барои як руз мерасад. Яъне, ки барои орову пардози худ соатхои зиёдро масраф намекунам. Дар мавриди зебоии тан бошад, ба фитнес машғул мешавам ва хам мехохам ба ин васила сиххатии худро нигох дорам.
-Дар минбаъда чи барномахо доред?
-Барномахо барои оянда зиёданд, вале мехохам, мутахассиси хубе бошам, ки аз ухдаи ичрои хар фармону вазифа баромада тавонад. Хамчунин мехохам бо инсони хубе вохурам, ки дусту хамрохи хаётии ман шавад. Мехохам ин нафар хатман маро дуст дорад, фахмад ва пуштибони кунад. Инчунин, кудаконро мехохам, ки хамеша боъис ба хушхолии волидон мешаванд.
-Нигина, оё намехохед ва ё накша хам надоред, ки дар озмунхои дигари зебосанамон ширкат кунед?
-Агар як чунин пешниход шавад, албатта, онро бо наздиконам дар миён мегузорам ва агар онхо пуштибони кунанд, хатман иштирок мекунам…
Бахси ДЕМОКРАТХОи Точикистон поён надорад?
Мақомоти Ҳизби демократи ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров мегӯянд, ки додгоҳи Синои шаҳри Душанбе даъвои Масъуд Собиров, раиси расман эътирофшудаи ин ҳизбро рад кардааст.Қаблан, Масъуд Собиров аз рӯйи Раҳматилло Валиев, муъовини раиси Ҳизби демократи ҷиноҳи Искандаров, ба додгоҳ шикоят бурда буд, ки дигар аз номи ин ҳизб сухан нагӯяд ва дар баробари ҳукумат мавқеъгирӣ накунад.
Вале Раҳматилло Валиев, ки ахиран санади додгоҳиро дастрас кардааст, мегӯяд, додгоҳ ин даъворо ба далели баҳси дохилиҳизбӣ буданаш бидуни баррасӣ гузоштааст: “Додгоҳ аризаи даъвогии Масъуд Собировро қонеъ накард ва гуфт, ки ин кори додгоҳӣ нест, балки баҳси дохилии шумост. Метавонед бо ҳам маслиҳат кунед”.
Ин дар ҳолест, ки тобистони имсол Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баҳси миёни Масъуд Собиров ва Саидҷафъар Исмоновро, ки худро раҳбари Ҳизби демократ эътироф мекард, ба фоидаи оқои Собиров ҳал намуд ва ба оташи баҳси онҳо об рехт. Аммо Раҳматилло Валиев мегӯяд, баҳси додгоҳии онҳо бо Масъуд Собиров ба нуқтаи худ нарасидааст.
Ба қавли ӯ, ҳизбаш аз “мусибат”-е, ки ба сари он дар чанд соли пеш бо номи ҷиноҳи “Ватан” ва бо раҳбарии Масъуд Собиров омад, ба Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал муроҷиат кардааст ва ин даъво ҳоло баррасӣ мешавад.
Аммо коршиносон посухи мақомоти додгоҳӣ дар баробари даъвои Масъуд Собировро як амали тарҳрезишудаи мақомот медонанд. Онҳо мегӯянд, ки дар остонаи то як соли интихоботи порлумонӣ ҳукумат мехоҳад, ҷиноҳҳои ҳизби демократро дубора ба баҳсҳои дохилиҳизбӣ кашонад ва ҳамин тавр онҳоро саргарми мушкилоти худ нигоҳ дорад.
Шокирҷони Ҳаким, устоди ҳуқуқи Донишгоҳи байнулмилалӣ дар Душанбе бо ишора ба ин нукта мегӯяд: “Онҳо нишон додан мехоҳанд, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳоло ба камолот нарасидаанд ва бештар бо мушкилоти дохилиҳизбӣ машғуланд. Аз ин рӯ, ба масоили аҳамияти стратегидоштаи давлатдорӣ камтар мутаваҷҷеҳ мешаванд. Ин як тарҳрезии қаблан мувофиқа шудааст”.
Масъуд Собиров, раиси расман эътирофшудаи Ҳизби демократ, бо ин фарзия мувофиқ нест ва мегӯяд, ки талоши онҳо барои ваҳдати демократҳо идома мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли коршиносон, ҳизби демократи Тоҷикистон, аз нахустин ҳизбҳои сиёсии замон соҳибистиқлолии кишвар, мавқеъ ва нуфузи худ дар ҷомеъаро аз даст медиҳад ва ҳар хабаре ҳам ки аз ин ҳизб мерасад, баҳси миёни ҷиноҳҳои он асту халос.
Аммо Раҳматилло Валиев мегӯяд, таваҷҷуҳ ба ҳизби онҳо коҳиш наёфтааст ва феълан теъдоди аъзои онҳо ба бештар аз чоруним ҳазор мерасад. Бо ин ҳама, ҳизби демократи Тоҷикистон мисли раҳбари зиндонияш Маҳмадрӯзӣ Искандаров сарнавишти рӯшане надорад ва гоҳе ба дари он мӯҳр мезананду гоҳе раҳбарони ҷиноҳҳои онро ба додгоҳ мехонанд.
Вале ба қавли коршиносон танҳо рамзи бисёрҳизбӣ демократҳоро дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон нигоҳ медорад, ки фоидааш на ба Раҳматилло Валиев мерасаду на ба Масъуд Собиров.
“ХАТИ СИЁХ”
ХУКУМАТ, ПУЛУ МОЛ, МАНСАБУ ЧОЙРО ЁФТА МЕШАВАД. АММО ИНСОН ЯК БОР БА ДУНЁ МЕОЯД ВА БАЪД АЗ МУРДАН УРО ДИГАР ЁФТАН НАМЕШАВАД. МАСАЛАН, ТО ХОЛО БАЪД АЗ МУРДАНАШ ДИГАР ХИЧ КАСЕ НА РУДАКИ ЗОИДАСТУ НА ШЕКСПИР ВА НА ЛЕРМОНТОВУ НА НАВОИ! ХАР ТОЧИКЕ, КИ ИМРУЗ ДАР ХАР КУЧОЕ КУШТА МЕШАВАД, БО ЧУРМИ НОТАВОНИХОИ ШУМО-МАКОМДОРОН ВА ДАР ПАЙИ ҲИРСИ МОЛИ ШУМО КУШТА МЕШАВАД. ХУНИ ХАР КАДОМЕ ОНХО БА ГАРДАНИ ШУМО БОР АСТ! (Ин матлаб хеле барвакт навишта шудааст)
Пас аз гузашти солхо аз рузгори Чанги Бузурги Ватани шояд бисёре аз мардум хати сиёхро фаромуш кардаанд. Аммо хануз хам барои мо мактуби сиёх менависанд. Ин даъфа на аз майдони чанг, балки аз майдони мардикори, аз кишвари Русия (шояд Ру Сиях)!
Яке буд, яке набуд…
Хуррам Исхоков, ки соли 1982 дар дехаи Саро нохияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадааст, барои дарёфти кути лоямут соли 2002 бори аввал ба шахри Перми Русия сафар мекунад. Рузи 4-уми марти соли 2004 вай барои вохури бо Алексей Ш. ба яке аз дехахои Удмуртия меравад, вале … дигар барнамегардад.
Ахири мохи августи соли 2004 баъд аз кофтукоби шашмохаи муфаттишони шахри Перм ва падари у – Хамдамчон Исхоков часади шахшудамондаи Хуррам аз даруни хок ва аз чангал ёфт мешавад. Аввали мохи сентябр уро ба деха оварда гурониданд. Хуррами бистудусолаи точикро ки кушта буд?
Афсонаи аввал
Дехаи Сарои нохияи Ашт. Харчанд ба назар дехаи хурду назарногир менамояд, аммо дар канораш зиёда аз хазор оила дустона умр ба сар мебаранд. Давоми дахсолаи охир мардхо мисли дигар мардони дехахои Точикистон мухочирати кориро касб карданд. Дар байни онхо кам нестанд одамоне, ки бо пули моли зиёд бармегарданд. Лекин дар баробари ин, тобути оханин низ меояд.
Танхо дар соли 2004 омадани часади бечону кордхудаи Хомидчон Турсунов барои ахли деха басанда буд. Албатта, ин холат факат мардуми тахчои ва мехнаткашро безобита кардааст.
Светлана Козлова, журналисти рус дар рузномаи Комсомолская правда в Перми навиштааст, ки дар шахри Перм имрузхо точикони зиёд ба сар мебаранд. Кисме аз онхо дар бозори шахр хариду фуруш мекунанду кисми дигарашон монанди Хамдамчон Исчхоков (падари Хуррам)ба кори сохтмону таъмир машғуланд. Онхо ба Русия аз зиндагии вазнин доштанашон омадаанд. Зеро дар Точикистон холо дарйофти кори таъби дил бисёр мушкил аст.
Светлана дар чои дигари маколааш менигорад, ки дар Точикистон муд шудааст, вакте чавон ба балоғат мерасад, волидонаш уро ба Русия гусел мекунанд. Онхо албатта, барои хохару додар ва барои туйи арусии худ маблағ дарёб месозанд. Хуррам Исхоков низ соли 2002 бо маслихати падараш ба шахри Перм меравад. Зеро Хамдамчон баъд аз корхои сохтмони аз ин шахр маблағи хубе ба хона оварда буд.
Ба хар хол, дар Перм бо точикон мардуми махалли муносибати хубхам доштанд ва Хуррам хангоми сафари аввалинаш ягон проблемаи чиддиродар ин маврид эхсос намекард. У дар дехаи Закамский, дар хонаи дуст ва хамдехааш Масрур зиндаги мекард ва кариб, ки бо падараш вонамехурд. Баъд аз чанд мохи кор бо хохиши падар Хуррам ба деха меояд, чунки уро модар ва хохар додаронаш мунтазир буданд.
Аммо ғайричашмдошти онхо Хуррам зуд раъйи ба Русия баргаштанро мекунад. Хатто падару писар танхо тайи чанд дакика дар фурудгохи махалл бо хам вомехуранд. “Дар Перм боз мебинем”,- ин охирин сухани Хуррами чавонмарг барои падари сарсахташ будааст.
Барои чи ин кадар шитоб мекард касе намедонист. Факат Хамдамчон фасли бахори соли 2005 асрори сафари фарзандашро аз дахони дустон ва муфаттишони прокуратураи Перм дарёфт мекунад. Дар ин вакт аллакай Хуррами хамдехаи мо дар дунё вучуд надошт.
Хамдамчон Исхоков ба Светлана накл кардааст, ки: “Ман ба он хотир ба шахри Перм омадам, ки Хуррамро ба деха гирифта бубарам. Зеро вакташ расидааст, то уро хонадор кунам”.
Хамдамчон аз он дар хайрат аст, ки Хуррам чи хел имконият ёфтааст, бо як духтари махаллии рус муносибат пайдо карда, оиладор шавад. У ба хотир меорад: “Дар бораи зан гирифтанаш ба ман чизе нагуфта буд. Зеро дар чойи мо расм шудааст, ки фарзанд берозигии волидон хонадор шавад”. Чи хеле дустонаш накл мекунанд, каллаи Хуррами точикро Ленаи перми хануз дар сафари аввалаш ба ин шахр гаранг карда буд. Ва Лена хакикатан хам чавони чашму абрусияхи точикро аз тахти дил дуст доштааст. Барои хотири ишки анчомнопазир хатто Ленаи рус дини мубини исломро кабул мекунад. Чунки Хуррам барои духтарони рус як чавони кобил буд, яъне аз сахар то бегох кор мекард, наменушид, вактхои холигиашро дар толори варзиши мегузаронид.
Аммо аллакай Хуррам анъанаи авлодии худро фаромуш карда буд. Берозигии волидонаш бо як духтари рус хонадор мешавад, вале аз ояндаи худ намеандешид. Ба хамин васила падару модари худро ба гирдоби ғам мекашад. Зиндаги хама вакт барои инсон хамвору содда нест. Баъзан чунон баландиву пастихо дорад, ки одам аз он чигуна сарнагун афтоданашро нафахмида мемонад.
Аз ин сабаб, хурсандии Хурраму Лена хам дер намепояд. Алексей Ш… Боз як дустдори духтари рус, ки сокини як дехаи Удмуртия мебошад, ба хурсандии хардуи навчавон халал ворид мекунад. Алексей намехост махбубаи зардинаи худро дар огуши чавони точики сиёхчурда буинад. Бинобар, ба воситаи Лена ба Хуррам мактуб равон карда, уро ба сухбати мардона даъват мекунад. Чойи вохуриро бошад, дар дехаи худ – Каменское Заделе таъин менамояд.
Чоруми марти соли 2004 Хуррам Исхоков, чавони бистудусолаи точик ба чойи таъиншуда меравад, аммо… аз он чой дигар барнамегардад…
Хасрати падар
Хамдамчон Исхоков гум шудани фарзандашро шунида, барои ёфтани у чандин маротиба ба сафоратхонаи Точикистон дар Русия мурочиат мекунад. Аммо чи хеле вай мегуяд, аз санг садо мебарояду аз сафорат не!
Баъд аз кофтукоби шашмохаи муфаттишони шахри Перм ва Удмуртия Х. Исхоковро муяссар мешавад, ки часади яхбастаи фарзанди чавонмаргашро дарёбад. Тавре дар сухбат падари Хуррам гуфт, аз руйи хулосаи ахири муфаттишон маълум гардидааст, ки котили Хуррам (Алексей ва ёрони у) аз яроки оташфишон низ истифода карда, як тир ба кафаси синааш паррондаанд. Ба ин нигох накарда, панч корди дигар ба тарафи рости шикам ва бехи гулуяш задаанд.
Худо медонад, барои куштани як точики мардикор Алексейро ба чанд сол махкум карда бошанд. Аммо солхо мегузаранд. Алексей хам аз махбас мебарояд. Аммо доги дили волидони Хуррамро солхо намешуянд. Умеди шикастаи аруси фотихакардаашонро солхо намедузанд…
“CАРВАЗИРи нав КИСТ?”
Сарвазири нав кист? Ин суол дар оғози хар соли нав дода мешавад, аммо бечавоб.
Хафтаномаи “Фараж” бо чопи акси Хочи Акбар Турачонзода, Косим Косимов, Хасан Асадуллозода, Сайфиддин Тураев ва Бехзод Файзуллоев тахмин задааст, ки шояд баъд аз нух соли хидматаш дар командаи Эмомали Рахмон ин дафъа Окил Окилов курсиро холи кунад.
Зафар Абдуллоев, сардабири нашрияи”ФK Capital”, низ дар сафхаи аввали нашрияаш гуфтааст, ки мехохад сарвазир бошад.
Окои Абдуллоев навиштааст, ки холо сарвазир дар Точикистон ба бекортарин ва беному нишонтарин макоми давлати табдил шудааст.
Харчанд сарвазир раиси хукумати Точикистон аст, аммо ба кавли Зафар Абдуллоев, на нутки уро шунидаанд ва на мавзеъгирии у дар мавриди ин ё он масъалаи марбут ба Точикистонро дидаанд, дар холе ки хама фармону таъинотро худи президент ичро мекунад.
Сардабири “ФK Capital” гуфтааст, агар макоми сарвазир дар Точикистон то ин сатх поин рафта ва кори сарвазири то ин дарача осон бошад, пас, вай хам омодааст, ки сарвазир бошад ва аз субх то шом дар як кабинет нишинаду ба зери ин ё он асноде, ки бифармоянд, имзо гузорад.
“Дузди зур сохиби говро мебандад”
Ин хафта нашрияхои чопи Душанбе нотаи сафорати Русия ба Вазорати хоричии Точикистонро бепосух нагузоштаанд. Аксар рузноманигорон шикваи сафорати Русияро талоше барои чори кардани сензура алайхи матбуоти мустакили Точикистон арзёби кардаанд.
Толибшохи Сайидзода, муаллифи як матлаб дар хафтаномаи “Миллат” менависад, дар холе сафорати Русия аз матбуоти Точикистон забони шиква боз мекунад, ки хамаруза расонахои Маскав точиконро мавриди мазоху масхара карор медиханд ва шаъну эътибори онхоро паст мезананд.
“Миллат” хамчунин навиштааст, шарик будан ба маънии он нест, ки “сари фарзанди моро дар кишвари шарикамон бибуранду мо хомуш биншинем”
Дар хамин хол, “СССР” хам навиштааст, ба чойи ин ки сафорати Русия аз амалкардхои сартарошидахояш пеши мардуми Точикистон узрхохи кунад, баръакс, бо як забони дароз “ба номуси зехнии мо тахдид мекунад”.
Ин нашрия дар холе аз нотаи сафорати Русия нигарон аст, ки дар шуморахои каблияш теъдоди мухочирони кушташуда дар Маскавро чоп мекард ва аз мсакомоти Кремлин мехост, ки ба катлу куштори мухочирони бехимояи точик дар кишварашон расидаги шавад.
“Начот”-нашрияи Хизби нахзати исломии Точикистон хам ин хафта сухбати Мухиддин Кабири, раиси ин хизб ва вакили порлумонро нашр кардааст, ки дар гуфта шудааст: “аз бетафовутии мо точикон дар Русия кушта мешаванд”.
“…Боз оянду раванд”
“ФK Capital” бо ёдовари аз дах вокеъаи соли Точикистону чахон навиштааст, ходисаи “акаи Хасан” агарчи овозае беш набуд, вале дар хотирахо зимистони сарду бебаркро иваз кард. Ин нашрия овозаи захми шудан ва ба Олмон барои табобат рафтани раиси “Ориёнбонк” ва додараруси президент Хасан Асадуллозодаро дар назар дорад, ки аз дарозумртарин овозаи сол буд, ки то хануз ба хакикат ва ё дуруғ будани он бисёрихо ба шубха менигаранд.
Ва дар хамин хол, Азия плюс пирузии Тахмина Ниёзова дар озмуни “Панч ситора. Интервидение-2008″, боздошти гурухи Сухроб Лангариев дар Кулоб, ба истифода дода шудани неругохи “Сангтуда-1″, медали Юсуф Абдусаломов ва Расул Бокиев дар бозихои тобистонаи олимпи дар Пекин, мушкили масочиди ғайрирасми ва хичоб, эълони соли Имоми Аъзам ва “забонёби”-и масъулони ширкати Талко ва Ансол дар додгохи Бритониёро аз хаводиси хотирмони сол хондааст.
Ин нашрия гуфтааст, дар соли оянда хукумати Точикистон бояд барои сохтмони Роғун сармоягузор пайдо кунад, сохмтони накби “Истиклол”-ро ба поён расонад, накшаи чамъоварии пахтаро ичро кунад ва чойхои кори эчод намояд…
Дар хамин хол, бархе аз сиёсатмадорон дар сухбат ба нашрияи “Нигох” гуфтаанд, ки соли оянда соли омодагихо ва маъракаи мубориза барои интихоботи порлумони хохад буд…
Номаи тасаллияти сафорати Русия дар Точикистон
Сафорати Русия бо пахши як баёния гуфтааст, ки аз амали сартарошидахои рус башиддат нигаронанд ва ба наздикони мардикори сарбуридаи точик Салохиддин Азизов изхори тасаллият мекунанд.

"Зури ин сартарошидахо низ факат ба точикони бехукук мерасад..."
Ин сафорат хамчунин аз сокинони Точикистон хостааст, ки ба чунин амали вахшиёнаи гуруххои миллатгарои рус дода нашаванд. Комил Мухаммадов, сухангуйи сафорати Русия дар Душанбе, гуфт, катли боз як точики мухочир дар Маскав натанхо сокинони ин кишвар, балки чомеъаи Русияро хам хашмгин кардааст:
“Сафорати Русия ин амали вахшиёнаро шадидан махкум мекунад. Ин равганест, ки ба оташи адовати кавми рехта шуд ва фитнаест, ки муносиботи деринаи Точикистону Русияро халалдор месозад. Мо уммед дорем, ки ин амали вахишиёна бечавоб намемонад. Кормандони пулис, масъулони хифзи хукук ва онхое, ки дар ин кор даст доранд, дар зудтарин фурсат хатман мучозот мешаванд”.

"Котилони Хуршеда Султонова дар Санкт-Петербургро на барои барангехтани адовати кавми, балки танхо барои авбоши "суд" карданд..."
Сафорати Русия мегуяд, казияи катли Салохиддин Азизов тахти назорати макомоти хифзи хукуки Русия карор дорад ва дар Маскав чихати ошкор кардани ходисаи куштори ин шахрванди Точикистон як ситоди муттахида таъсис ёфтааст. Сафорати Русия мегуяд, дар панч соли ахир ходисахои марбут ба таъкибу катлу куштори шахрвандони Точикистон дар Русия ду маротиб афзун шудааст.
Аммо сафорат хамчунин зикр кардааст, ки дар Русия аз назари конуншикании шахрвандони хоричи точикон дар чойи дуввум карор доранд, харчанд аксарияти он конуншиканихо маъмури ва ё вобаста ба мукаррароти накзи икомат ва ё кор дар Русия будааст.
Дар хамин хол, бархе аз сиёсатмадорон ва вакилони порлумон саъйи хукумати Точикистонро барои химоят аз хукуки шахрвандони кишвар дар Русия кофи намедонанд.
Мухиддин Кабири, раиси Хизби Нахзати Исломии Точикистон ва вакили порлумон, мегуяд, хукумат аз тарси он ки муносибаташ бо “дусти бузурги стротежи” сард нашавад, дар масъалагузории чидди назди макомоти Русия худдори меварзид, ки ин албатта ба муносибати макомоти интизомии Русия дар тахкики казияхои марбут ба марги мухочирони точик таъсир мегузорад.
“Макомоти Душанбе ва сафорати мо дар Русия бо як лахни нав, нишон додани икдомхои каме амали ин сиёсатро каме тагйир доданд, вале хануз хам бенатича. Икдом кардан як тарафи масъала аст, натича додани икдомот пахлуи дигари масъала. Пас, бояд икдомот ва масъалагузорихо чиддитар бояд бошанд. Мо агар дар ин мавкеъ бошем, ки муносибатамон бо Русия халалдор нашавад, аммо аз ин инсонхо зарар бинанд, равобити мо хич арзише нахохад дошт”.
Раиси Хизби Нахзати Исломии Точикистон мегуяд, ин дафъа макомоти рус дар мучозоти котилони Салохиддин Азизов бояд чидди бошанд. Зеро каблан чандин котилони шахрвандони Точикистон на барои барангехтани адовати кавми ва нажодпарасти, балки танхо барои авбоши махкум ба зиндон шудаанд. Ва ин хама, ба гуфтаи у, сабаби беэътимоди ба масъулони хифзи хукуки Русия мешавад.

"Cартарошидахои рус каблан хам "лаззат"-и хуни точикро чашида буданд..."
Музаффар Зарипов, масъули бахши иттилооти Созмони чахонии мухочират дар Точикистон, ба ин назар аст, ки катлу таъкиби точикон дар Русия ахиран ба пояи бухрони чахонии моли ва мушкили иктисодии Русия бештар шудааст. Окои Зарипов мегуяд, дар кишваре, ки хамакнун бо бухрони шадиди моли рубаруст, хузури мухочирон натанхо боъиси нохушнуди, балки боъиси хашму газаб мешавад.
Рузи чумъаи гузашта вазорати умури хоричии Точикистон бо ирсоли нотаи эътирози аз макомоти Русия хост, то омилони катли Салохиддин Азизовро пайдо намуа ва ба пойи курсии мухокима кашанд.
Ин чавони точикро охири хафтаи гузашта дар хошияи шахри Маскав гуруххои миллатгарои рус сар бурида ва яке аз хамрохони уро захми карданд. Бино ба иттилоъи макомоти Точикистон имсол дар Русия худуди шашсад нафар аз шахрвандони точик фавтидаанд, яъне хар руз такрибан ду нафар. Ва аз ин миён бештар аз 70 нафари онхо курбонии бегонаситези ва амали гуруххои миллатгарои рус шудаанд.
“Пахтаи гушхоятонро бигиред!”
ХАРЧАНД ТО ИН ЛАХЗА МАКОМОТИ РАСМИИ ТОЧИКИСТОН ХОМУШ БУДАНД, ВАЛЕ ЧАВОНХОИ ТОЧИК ДАР БАХСИ ИНТЕРНЕТИЕ ИН МАВЗУЪРО БАРРАСИ ВА НАЗАРОТИ ХЕШРО БАЁН ДОШТАНД…
Рачаби МИРЗО:
Тасаввур намоед, ки ду сол пеш ду фохишаи рус дар Гонконг кушта шуданд ва хукумати Путин тамоми чахонро ба по хезонд, то замоне ки котилон дарёфту мучозот нашуданд. Гуфтаниям, ки то замоне агар хукумат ба шахрвандони худ арч нагузорад, точикро мисли гусфанд сар хоханд бурид…
Каюмарс:
Фикр мекунам, ин чо заъфи хукумати Точикистон аст, ки наметавонад дар киболи “криша”-хои русаш овоз баланд кунад. Вагарна, президент хам хак дорад, ки аз беадолатона кушта шудани шахрвандонаш (у боз хам кафили хукукхои эшон аст) эътироз кунад ва аз хукумати Русия такозо намояд, ки ба ин казия рушани андозанд ва котилонро на бо чурми авбоши, балки барои одамкуши аз руйи адовати кавми мучозот кунанд…
Афсус, ки ин хукумат барои бакои худ аз сари милюнхо точик мегузарад…
Осим НОСИРОВ:
Салом арз мекунам хамкаламони арчманд, шод аз он хастам, ки ба ин ришта пайваст гардидам.
Чун одамкуши аниктараш точиккуши дар Русия омммавыи гаштааст, наметавон хомуш нишаст ва оромона хоб рафт. Имруз духтархолаам то хол хамрохи ягона фарзандаш дар хакки скинхедхои Русия дашном мефиристад ва хун мегиряд.
Шавхари уро соли 2005-ум дар Русия куштаанд. Фируз ба душманони точик пируз нагардид ва ин дунёро тарк кард.
Мусаллам аст, ки бо гиристан ва дуои бад кардани хазорхо мисли духтархолаам ин вазъиятро тагйир дода наметавонад. Бояд мо хама точикон чамъ оем ва ба ин падида мубориза барем.
Бародарони точик ба пеш! Суи озоди ва амнияти озоди точикон!!!!
Абдуазими АБДУВАХХОБ:
Ба номи Худованди чону хирад
Чаро аз бардоштани плакат метарсем?
Сари аз тан чудои Салохиддину часади интизори лахадбудаи Кобилчони мардикори точик дар Русия муайян кард, ки мо чавонон бехукуктарин, мазлумтарин, бесадотарин … чавонони ин сайёраем дар асри 21.
Дар асре, ки мушт бардоштанро авбошиву дахшат ном мебаранд, сари як бародари хамсинни моро аз тан чудо мекунанд. Мо бо хамаи ин хомушем, гайрат надорем дар кишвари худамон ба мукобили ин чахолати русхо садо баланд кунем.
Мо мазлумем, гуломвор корамон мефармоянду сарамон аз тан чудо мекунанд. Мо бехукуктарин инсонем, на худамон аз хукукхоямон дифоъ карда метавонему на давлат пуштибони мост.
Модари точик боз Салохиддинхову Кобилчонхоро ба дунё меорад. Вале сўзиши чигараш аз катли ин фарзандони мардикораш кай ором мегирад?
Ки гуфта метавонад, ки кай фарзанди модари точик дигар дар Сибиру сочили Дони Русия хаммоли намекунад?
Хамарўза даххо хабар дар сомонахои руси дар бораи латту куб шудани чавонони тољик ва ба даст афтодани точике бо бастаи героин ба нашр мерасад. Хамаи ин дилро меларзонад, аз он ки шояд рўзе дар такдири ман хам чунин соат пешбини шуда бошад.
Оилае нест, ки ягон пайвандаш дар мардикори набошад. Кам бовар дорам, ки агар ин раванд идома ёбад, ин соат ба сари хар яки мо чавонон наояд…
Набиюлло СУННАТИ:
Метавон ба натичае расид, ки барои бори дигар бедор кардани тараххуму лутфу мехрубонии Русия нисбати халrи точик, таърихро зарур аст, ки боз дигарбора Олмон ба Русия бояд хамлавар бишавад. Дар он сурат боз кумаки Точикистону дигар чумхурихои кучак зарур мешаваду чун гузашта боз мехри собик «бародарони понздахгона» эхё ва эъмор мегардад.
Саввумин дахаи мох декабр рузхои ба кавле «долу зарби» ташкилёбии бузургтарин кишвари чахон-СССР аст. Хаштоду шаш сол кабл дар харитаи чахон калонтарин давлати дунё-СССР пайдо ва хамзамон 18 сол кабл ин давлати ба кавли Иосиф Чугиашвили «фанонопазир» сукут ва инчунин ба марги муфочо мувочех шуд. Ин милоду марги як давлати бузугро ба асри ХХI табрику муборакбод мегуйем. Ёдаш ба хайр бод он рузхо, ки бебозгашт тули 70 сол шахидаш кардем.
Таърих гувох аст, имруз халки русро ба миллати точик тараххуме нест.
Аммо вакте ба кафо менигаред, мебинед, ки тули таърихи точик ягон халке ба мисли рус ба халки точик бехтарин хомй ва бехтарин дусту бародар набудааст. Тули 70 сол ин лутфу мехрабонии Руси кабирро Точикистон фаромуш намекунад. Ба вижа Русия баъди курбонихои Точикистону точикистониён дар ЧБВ барои галабаи Русия алайхи фашизми Олмон Точикистонро яке аз чумхурихои карин ва бехтарин дусти хеш кабул ва хамзамон чун як бародари кучак сари моро сила намуд.
Инак, чй шуду чй монд, ки ба якбора кураи гарми мехри Русия ба Тоxикистон хомушу сард гардид.
Агар пушти ин гурух касе ё макомоти кудратие набошад, чй гуна аз худ дарак медиханд? Ин аст суоли нокушода.
Аз хама нуктаи дог ва чигилтар пеши маrомоти Русия гуфтаи ин гурухи табахкор дар номаи электронй аст. Тибки хабаргузории АМИТ «Ховар» дар номаи электронй аз номи «Созмони чангии кавмгароёни рус» чунин омадааст:
«8 декабр сари буридаи яке аз ишголгарони аз Осиёи Марказй ба Русия омада ба бинои маъмурияти нохияи Можайски шахри Маскав партофта шуд. Ба мо миллионхо нафар кафкозихо ва Осиёи Марказихо лозим нестанд. Агар мансабдорон мисли пештара намояндагони миллатхои дигарро ба Русия оранд, мо ба нест кардани худи мансабдорон шуруъ мекунем…»
Ин матлаби кавмгароёни рус шояд то андозае ба хомушии дастандаркорони Кремл мусоидат кунад. Зеро, дар нома хушдор низ алайхи хукумати Русия аст.
Тибки оморхои тахминй дар дах мохи соли равон ба Точикистон 322 тобути оханин ворид гардидааст, ки фисади зиёди ин часадхои мактулони дасти сартарошидахои русанд. Аз руйи баъзе сарчашмахо 232 ходисаи накзи хукуки точикони вилояти Маскав (танхо худи Маскав!) ба кайд гирифта шудааст, ки нишони олии «кадрдонй»-и бародари кабирамон дар ивази чонбохтанхои солхои 40-уми асри мозист.
Агар имруз насли нави рус фаромуш карда бошад, ки замоне барои ба даст овардани галабаи алайхи фашизм дар пахнои Русия хуни ватандустона (аммо намедонам кадом ватан?)-и точик низ рехтааст. Агар ба гури фаромушй дафн карда бошад, ки дар ин набарди берахму бе шафкатона хиссаи точик низ хаст. Аммо ТАЪРИХИ КИШВАРИ РУС фаромуш нахохад кард, ки точикон дар ин галабаи таърихии рус (хамакнун на СССР, балки рус!) хиссаи чашмрас ва сахми бориз доранд. Ва дардо, ки имруз сарчамбарони хукумати рус ба ин гуна хаводис аз паси панчара назар мекунанд. Гуиё аз руйи меъёрхои демократии ча[онй хукумати ин кишвари бародаркалони СССР – Русия амал кардаву скинхедхои худро аз 2 сол то 8 сол (! , халномаи куштори Хуршеда Султоноваи 9 сола дар Санкт-Петербургро ба ёд биёваред) мучозот мешаванд.
ДАР ИН МИЁН ХИКМАТУЛЛО САЙФУЛЛОЗОДА, РАХБАРИ МАРКАЗИ ТАХЛИЛИИ “ДИАЛОГ” ХАМ БЕТАРАФ НАБУД:
Бо арзи ахсан ва муваффакият!
Вокеан, ин бори аввал аст, ки бо чунин як икдом чавони бо номуси ба миллат мурочиат мекунад. Вале, хайфо ки он кишри миллат ки ба ин гуна икдомхо посух дихад, сархаму тарсу гаштааст. Ин гуна корро танхо он идда аз чаваононе метавонанд анчом диханд, ки фазои афкори онхо аз хаводиси маълум берун бошад. Дигар ин ки барои пахши ин гуна мурочиатхо василахои дигарро бояд истифода карда тавонист, то колабхо шикаста шаванд ва садои мардум берун барояд.
Аз Худованд масъалат мехохам, ки дар чода барои Шумо неруи кави ва зехнияти баландро ато фармояд.
Мутаваччех бошед: “Андеша” огох мекунад
ХамАндешони арчманд,
Охирин иттилоъро аз Вазир Азизов, бародари Салохиддини чавонмарг, дастрас кардам ва бо ичоза ва дархости худаш ба иттилоъи хамагон мерасонам:
Ба гуфти вай, чанозаро рузи сешанбе, 16.12.2008 аз додситони ва милисаи Русия тахвил гирифта ва хамон руз ба Душанбе хоханд бурд.
Ба эхтимоли наздик ба якин, тобутро сешанбе шаб, 16 декабри 2008, бо парвози шабонаи “ТочикЭйр” аз фурудгохи “Домодедово” ба Душанбе мебаранд.
Бино ба гуфтаи иттилоърасонии фурудгохи “Домодедово”, парвози №628 шаби 16 декабр соати 23:15 ба вакти Масков равон ва 17 декабр соати 5:20 ба вакти Душанбе фуруд хоҳад омад.
Хамчунин эхтимол дорад, ки тобутро бо парвози рузона – №632 равон кунанд ки соати 12:45 аз Маскав парвоз карда ва соати 18:50 дар Душанбе фуруд меояд.
Шумораи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”: (495) 933 66 66.
Иттилоъи дакикро метавон аз худи Вазир Азизов бо шумораи 8-926-716-05-46 дарёфт кард.
Вай аз хамАндешон сипосгузори ва даъват кард, ки дар ин руз дар пахлуяш бошанд.
Худо ёрамон бод!
Aриёрoм