http://cdn.livestream.com/grid/LSPlayer.swf?channel=tojik&autoPlay=false
Архив автора: ayina
ДУШАНБЕ: Ба чойи саг ОДАМРО ПАРРОНДАНД!
• Куштор: Оё инсонро метавон аз саг фарқ кард?
• Филмҳои амрикоӣ: Кӣ Рембо шудан мехост?
• Беэътиноӣ: Мурӣ, мурдан гир, ман туро саг гумон кардам…
• Ҷаноза: Осмон хун мегирист, аммо қотилон дар озодӣ буданд
• Такрори ҳодиса: Бори аввал нест, ки инсонро саг гумон мекунанд
- Мо ҳарду баъд аз дарс дар клуби «Порт-Саид» ба ҳайси пешхизмат кор мекардем. Вақте аз кор баромадем, соат яки шаб буд. Чун нақлиёт набуд, мо пиёда сўйи хонаи Нуралӣ, ки дар кўчаи Назаршоев, ноҳияи Шоҳмансур воқеъ буд, роҳ пеш гирифтем. Ба «Вокзал» расидему ба он тарафи роҳ гузаштем. Назди бинои шўъбаи ноҳиявии «Амонатбанк» омадем, то тариқи бонкомат ба телефон пул гузаронем. Ҳамгоми баргаштан ба сўйи роҳе ки сўи хона мебурд, Нуралӣ ногаҳон гуфт:
- «Оҳ, маро парронданд» ва афтид.
ТУРАЧОНЗОДА: КОЗИи собик ё КГБ-и содик?
Ин матлабро, ки саҳфаи интернетии msk.ru чанде пештар нашр карда буд, рўзи панҷшанбеи гузашта (09.04.2009) ҳафтаномаи “События” (марбут ба Сайидалӣ Сиддиқ) ва рўзи 14.04.2009 оҷонси давлатии “Ховар” бознашр карданд. Ин матлаб мисли матлабҳои “Ҷумҳурият” аст, ки Раҳматилло Зойиров ва Қувват Султонро сиёҳ карда буд. Ба ҳар ҳол, хонеду хулоса кунед. Дар наздиктарин фурсат, мо вокуниши Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзодаро ҳам барои Шумо пешкаш мекунем. Бо мо бошед!
Муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон он қадар хуб нестанд. Яке аз сабабҳои муташанниҷ гардидани муносибатҳои ин кишварҳо мавқеи на он қадар одилона ва на он қадар оқилонаи Русия – иттифоқчии стратегии Тоҷикистон мебошад. Роҳбари Русия моҳи январи соли равон зимни сафараш ба Ӯзбекистон вазъияти бӯҳронии Тоҷикистонро сарфи назар карда, дар бораи таваллудхонаҳо, шифохонаҳо, хонаҳои бачагон ва мактабҳои аз ҳавои хунук яхбаста чизе нагуфта, дар Тошканд зимни мулоқот бо Президенти ин мамлакат ҳаққоният ва зарурати ҷидду ҷаҳди халқи тоҷикро дар бобати ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ зери шубҳа қарор дод.
ХИММАТЗОДА: “ЧОР бор аризаи ИСТЕЪФОямро напазируфтанд”
Ин нома аз дасти як дӯст аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон то мо расид. Онро бидуни таҳрир нашр мекунем. Агар мехоҳед ва бовар мекунед, хонед. Вагарна, мушкил надорад.
“Ман, Ҳимматзода Муҳаммадшариф, вакили Маҷлиси Намояндагон (МН)-и Маҷлиси Олии ҶТ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бори панҷум аст, ки аризаи истеъфои худро ба МН ирсол медорам.
Соли 2005 дар интихоботи Маҷлиси Олӣ, ки ман аз рӯйихати ҳизб нафари аввал будам, ба вакилии ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагон интихоб шудам. Азбаски бемор ва ғайри қобили амал будам, барои худ ҳаққи маънавии нигоҳ доштани ваколати ҳизбро дар Маҷлиси Намояндагон надидам, зеро ба истеъфо рафтани ман роҳ барои соҳиби ваколати вакил гардидани нафари баъд аз рӯйихати ҳизбро муҳайё мекард.
Бинобар ин, аризаи истеъфоямро унвонии раиси Маҷлиси Намояндагон ирсол намуда тақозо кардам, то масъалаи истеъфоямро дар ҷаласаи МН баррасӣ намояд. Вале аризаи маро раиси МН баргардонид ва тавассути баъзе аз ҳамкорон маслиҳат дод, ки аризаамро пас гирам ва аз ин тасмими худ сарфи назар кунам. “Зеро ту бемор ҳастӣ ва эҳтиёҷ ба мошинаи хидматӣ ва маоши вакилӣ дорӣ, то ба ин васила дар ин давраи беморӣ каме ҳам бошад, барои давову табобатат кӯмак мешавад”,- гуфт раиси Маҷлиси Намояндагон.
Бо вуҷуди тарғиби Раиси Маҷлиси Намояндагон барои нигоҳ доштани вакилӣ худам инро салоҳ намедидам. Аз ҳамин сабаб, дар тӯли чаҳор соли сипаришуда чаҳор бор аризаи истеъфо навиштам, вале ҳар бор мавқеъи Раис нисбати истеъфои ман ҳамин буд. Аз ин хайрхоҳии Раис хуш шудам ва дар ҳаққи эшон гумони хайр доштам. Вале…
Билахира чанде муқаддам Маҷлиси Намояндагон Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динро қабул кард ва ман ба ҳайси вакили МН мавқеъи худро нисбати баъзе аз нуқсони мавҷуда дар қоунни мазкур дар матбуот навиштам. Зеро инро масъулияти динӣ ва ҳизбии ман тақозо мекард. Чи тавр ман як шаҳрванди ин кишвар дар нисбати қонуне, ки озодии эътиқоди ман ва интихобкунандагонамро маҳдуд мекунад, хомӯш биншинам, дар ҳоле ки аз он тарафи уқёнус нисбати нуқсонҳои қонуни мазкур садои эътирозии худро баланд карданд?
Оё ман ҳамчун вакил ин ҳаққро надорам, ки фикри худро дар ин мавзӯъ баён созам? Нашри ин мақола боиси нороҳатии Раиси Маҷлиси Намояндагон (Сайдулло Хайруллоев – Ойина)ва дигар мақомоти баландпояи ҳукумат гардид. Бинобар ин, раиси Маҷлиси Намояндагон бар хилофи мавқеъи собиқи худ дастур содир намуд, то мошинаи хидматиро боздоранд, инчунин барои бидуни фаъолият дар Маҷлиси Намояндагон маош гирифтанам, мавриди миннат қарор гирифтам. Маош гирфитан ва ба мошини хидмат таъмин шудани вакил барои ваколати вакилияш аст, на барои он ки бояд ҳатман ҳашт соат сари кори дар бинои Маҷлиси Намояндагон ҳозир шавад.
Дар шароити имрӯза дар бисёр кишварҳо вакил метавонад тариқи Интернет ҷараёни ҷаласаҳои парлумонро пайгирӣ ва ҳатто раъйи худро мусбат ва ё манфӣ нисбати қарорҳои он иброз намояд.
Суоле матраҳ мешавад, ки чаро тӯли ин муддат аризаи истеъфои маро қабул накарданд ва нагузоштанд, нафари дигаре намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Маҷлиси Намояндагон бошад? Ҷавоби ин суол он қадар мушкил нест.
Мавҷуд будани ду ё панҷ нафар мухолиф дар Маҷлиси Намояндагон чизеро тағйир намедиҳад. Инро хуб медонанд, вале ибрози назари мухолиф ва шикастани қолабро хуш надоранд ва ҳатто мавҷуд будани як нафар қолабшиканро таҳаммал карда наметавонанд, зеро шикастани қолаб ва эҷоди фазои озодандешӣ дар дохили Маҷлиси Намояндагон барояшон таҳаммулнопазир аст”.
Муҳаммадшариф Ҳимматзода,
раҳбари маънавии ҲНИТ
ДУРӮҒИ Муродалӣ АЛИМАРДОН фош шуд?

Муродали Алимардон
Ҳич бовар накарданист. Аммо бовар накарда ҳам намешавад. Баъд аз се моҳи аудити махсуси Бонки миллии Тоҷикистон, ки аз сӯйи як ширкати бритониёӣ анҷом шудааст, аз натиҷаҳои он хабар дода шуд.
Дар як гузориши сисаҳифагӣ, ки дар саҳифаи интернетии Бонки Миллӣ нашр шудааст, аудиторҳо нахуст аз мувоҷеҳ шуданашон барои дарёфти баъзе аз маълумот изҳори ташвиш кардаанд. Аммо дар идомаи гузориш онҳо ироаи иттилоъи носаҳеҳ аз ҷониби Бонки миллӣ ба Сандуқи байнулмилалии пулро, ки муддате обрӯйи Тоҷикистон дар назди ин созмон ва кишварҳои сармоягузорро доғдор кард, ба Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонк, марбут донистаанд.
Ба навиштаи аудиторҳои ширкати Эрнст & Янг, ҷаноби Алимардон иқрор кардааст, ки маълумоти носаҳеҳ бо фармони ӯ ироа шудааст, чун вай ин амрро барои сармоягузории соҳаи пахтакорӣ ногузир донистааст. Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки дар фаъолияти раиси собиқи бонк ба истилоҳ “бархӯрди манофеъ” дида мешавад, чун бародару падар ва худаш раҳбар ва ҳамшарики ширкатҳои сармоягузори соҳаи пахтакорӣ будаанд.
АЗ ИН ҶО МЕТАВОНЕД, НАТИҶАИ АУДИТИ МАХСУСИ БОНКИ МИЛЛИРО, КИ АЗ СӮЙИ АУДИТОРҲОИ ШИРКАТИ БРИТОНИЁИИ “ERNST & YOUNG” АНҶОМ ШУДААСТ, БУБИНЕД:
Баррасии фаъолияти Бонки миллӣ аз сӯи ширкатҳои мустақили аудитӣ яке аз дархостҳои Сандуқи байнулмилалии пул буд, ки ба далели ироаи иттилоъоти ғайривоқеъӣ аз сӯи ин бонк ба Сандуқи байнулмилалии пул сурат гирифта буд.
Соли гузашта Сандуқи байнулмилалии пул мақомоти Тоҷикистонро дар ироъаи иттилоъоти ғайривоқеъӣ ва бар асоси он дарёфт намудани беш аз 47 миллион доллар муттаҳам карда, аз Бонки миллии Тоҷикистон хост, то ин маблағро баргардонад. Бонки Миллӣ ҳам ин иддаъои Сандуқи байнулмилалии пулро куллан пазируфт ва гуфт, ки пули онро бозпас медиҳад.
Беш аз 47 миллион доллари дарёфтнамудаи Тоҷикистон, ки мебоист барои коҳиши низоми камбизоъатӣ дар кишвар масраф мешуд, он ҳамаро ҷаноби Алимардон раиси вақти Бонки Миллӣ барои рушди соҳаи пахтапарварӣ, ки фоидааш ба кисаи онҳо низ мерасид, сарф кардааст. Дар ин бора низ дар гузориши аудиторони Бонки Миллӣ ишора рафтааст.
Дар сӯҳбат бо аудиторҳо худи Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки Миллӣ ва ҳоло муъовини сарвазир дар риштаи кишоварзӣ, гуфтааст, ки ҳадаф аз рӯпӯш кардани иттилоъи дақиқ рушди пахтапарварӣ буд. Чун ба таъкиди ӯ дар минтақаҳои Тоҷикистон пунбапарварӣ шуғли аслӣ ба ҳисоб меравад ва давлат бояд аз онҳо ҷиддан пуштибонӣ кунад.
Аммо дар идомаи гузориш омадааст, ки бештари мавболиғи гирифта аз Сандуқи байнулмилалии пул ба ширкати “Хима” дода шудааст, ки он ба Исматулло Ҳаёев ва Муродалӣ Алимардон тааллуқ доштааст. Аммо ҷаноби Алимардон ин нуктаро радд карда ва гуфтааст, ки ин танҳо овозае беш нест.
Акнун саволе дар миён меуфтад, ки кӣ бояд маблағи Сандуқи байнулмилалии пулро диҳад: Бонки Миллӣ ё Муродалӣ Алимардон? Ва ҳам посухи саволе бояд рӯшан шавад, ки чаро ҷаноби Алимардон якбора аз Бонки Миллӣ ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ рафт? Чаро вай дар Бонки Миллӣ наистод, то аудити он анҷом ёбаду дурӯғҳо фош шаванд ва гунаҳкорон муҷозот шаванд?
Дар ин бора субҳи имрӯз саҳфаи интернетии Радиои Озодӣ ҳам навиштааст. Аммо ҳоло ба далели номаълум нукоти калидии ин гузориш рӯйи сафҳаи Бонки Миллӣ кушода намешавад. Шояд баъд аз он ки баъзеҳо аз он огоҳ шуданд, Бонки Миллӣ гузоришро қуфл задааст.
“ДИЛАМ аз ҳукумат МОНД”

Салмон Лангариев
Бобои Салмон ё Салмон Лангариев ба ин натиҷа фақат баъд аз он расидааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмадсайид Убайдуллоев ӯро натанҳо ба ҳузур напазируфтаанд, балки додашро ҳам нашунидаанд. Ин ду нафаре, ки ба гуфтаи Бобои Салмон, замоне барояшон хидмат карда одами зарурӣ будаасту ҳоло нозарур шудааст…
“Дӯстони кӯҳна ба мо хиёнат карданд…”, – ин ҷумларо низ Бобои Салмон гуфтааст. Вай ҳарчанд аз дӯстони хиёнтакораш ном набурдааст, аммо аз рӯйи шикваҳояш рӯшан аст, ки Раҳмон ва Убайдуллоев шарти дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ӯро риъоят накардаанд. Ҳатто ба гуфтаи Бобои Салмон, Убайдуллоев дар посух ба телеграммае, ки аз ӯ гирифта буд, чунин навиштааст: “Қабул карда наметавонем. Ба куҷо мехоҳӣ, навис…”
Салмон Лангариев – падари Сӯҳроб Лангариев аст, ки ахиран бо ҳафт тан аз ҳамроҳонаш аз сӯйи Додгоҳи олӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Салмон Лангариев аз ин бархӯрди ҷиддии мақомот бо фарзандаш башиддат изҳори норизоятӣ кардааст.
Вай ба ҳафтаномаи “Нигоҳ” гуфтааст, дар мурофиаи додгоҳии писару ҳамроҳонаш ба ҷуз ӯ ҳич нафари дигаре даъват нашуданд. Бобои Салмон, ки солҳои тӯлонӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кардааст, мегӯяд, бояд парванди гурӯҳи Сӯҳроб дар Кӯлоб баҳс мешуд. Аммо ба гуфтаи вай, мақомот аз халқи Кӯлоб тарсиданд. Ба ин далел, ки ба қавли Бобои Салмон сокинони Кӯлоб ба по мехестанд ва аз Сӯҳроб Лангариеву ҳамроҳони ӯ дифоъ мекарданд.
Судҳо низ мавриди интиқоди Бобои Салмон қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи вай, судҳо дар Тоҷикистон дигар мусутақил нестанд ва бори тобеияти ҳукуматро мекашанд. Вай бо ин ҳама қаноъат накарда ва гуфтааст, бори дигар ба нияти сабук кардани мӯҳлати ҷазои фарзандаш ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат мекунад ва агар ин ҳам нашавад, аз Идораи умури ҳуқуқи башари Созмони Милал додхоҳӣ хоҳад кард.
Эълони ҳабси якумрии Сӯҳроб Лангариев ва ҳамроҳони ӯ ҳамчунин вокунишҳои мухталиферо дар маҳофили Тоҷикистон дар миён гузоштааст. Аммо он чи ки бештар коршиносон ва фармондеҳони собиқро ба андеша водор мекунад, бархӯрди ҷиддии мақомот бо Сӯҳроб Лангариев ва шарикони ӯст. Дар ҳоле ки то моҳи майи соли гузашта номи Сӯҳроб Лангариев барои ҷомеаи Тоҷикистон чандон ошно набуд ва ҷиддан аз ӯ ба унвони мухолифи мусаллаҳи ҳукумат ҳам ном бурда намешуд.
Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни пешини тоҷик, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки давлати Тоҷикистон бо “қурбонӣ” кардани Сӯҳроб Лангариев мехоҳад қудратмандии худ дар баробари мухолифони мусаллаҳашро баён кунад.
Соли гузашта худи Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳонаш, ки дар Раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккил дар Рашт, кор мекарданд, бо гурӯҳи махсуси Вазорати умури дохила вориди як даргирӣ шуданд. Мақомот алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз кард, аммо баъд аз сафари расмии Раҳмон ба Рашт онҳо мавриди авф авф қарор гирифтанд. Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳонаш дар посух ба ин бархӯрд бо талаби мақомот силоҳҳои худро ба давлат таслим карданд.
Мақомоти расмӣ то ҳоло аз пахши ҳар гуна иттилоъе дар бораи Сӯҳроб Лангариев ва шарикони ӯ худдорӣ мекунанд. Вале гуфтаанд, ки Сӯҳроб Лангариев ва аъзои дигари гурӯҳи ӯ барои даст доштан дар ҷиноёти марбут ба қочоқи маводди мухадир, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва мухолифати мусаллаҳона ба ҳукумат гунаҳкор ва ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд.
Вале баробари шикояти вакилони дифоъи онҳо, Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло имкони баҳси аризаи даъвогиро дорад. Ҳарчанд коршиносон ироъаи сабукие барои мӯҳлати адои ҷазои Сӯҳроб Лангариев ва ҳамроҳони ӯро баъид медонанд.

Лангари Лангариев
Сӯҳроб Лангариев, бародари хурдии Лангарӣ Лангариев, яке аз фармондеҳони аршади Ҷабҳаи Мардумӣ, моҳи майи соли гузашта дар пайи як амалиёти вижа дар Кӯлоб, дар манзили зисташ, боздошт шуда буд. Дар миёни онҳое, ки ҳамроҳи ӯ ҳукм гирифтанд, шаҳрвандони Афғонистон ва хешу ақрабои дигари Лангариеву Сангак Сафаров, фармондеҳи пешини Фронти Халқӣ, ҳам буданд.
Гуфта мешавад, ки баъди Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, раиси собиқи Оҷонси мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини “Тоҷикгаз” ва раҳбари демократҳои Тоҷикистон, Сӯҳроб Лангариев ва ёрони ӯ нафароне ҳастанд, ки бо ҷурми доштани силоҳ ва кӯшиши табадуллоти давлатӣ ба зиндон афканда шудаанд.
Вале Бобои Салмон ҳамоно ба уммед аст. Агарчи бовар надорад, ки ба гуфтаи ӯ дӯстони хиёнаткораш раҳм кунанд ва Сӯҳробашро ба ӯ баргардонанд…
“ДУ ДУРУГИ BBC” ё манфиати милли манфиати давлатист?

То кай таъриф ва то кай сархами?
Аслан дар ин бора намехоҳам баҳс кунам, ки BBC дурӯғ мегӯяд ё намегӯяд. Ин кори ман нест. Аммо мехоҳам дар бораи онҳое гӯям, ки дар пушти пардаи дурӯғ аксаран сураташонро пинҳон карда ва барои ҳамеша аз ибораи “манфиатҳои миллӣ” барои худ сипар сохтаанд.
Ҳамин панҷшанбеи гузашта муассис ва сардабири ҳафтаномаи сиёсии “Миллат” дар матлаби кӯчаке таҳти унвони “Ду дурӯғи BBC” гуфтааст: “маслиҳати ман ба дӯстони хабарнигори расонаҳои хориҷӣ, ки аксарияташон ҳамватанони мо мебошанд ин аст, ки корашонро мунсифона, бидуни ҳангомаҷӯиву таҳрифкорӣ анҷом бидиҳанд…”.
Ин танҳо мавқеъи сардабири “Миллат” нест. То ин замон ҳам бархеҳои дигар расонаҳои байнулмилалӣ ва ҳамкорони онҳоро барои хизматашон ба “хоҷагони хориҷӣ” муттаҳам карда буданд.
Аммо онҳо то ҳоло дақиқ нагуфтаанд, ки чи нукта бояд барои мо муҳим бошад: Пуштибонӣ аз мавқеъи давлат ва ё пуштибонӣ аз онҳое, ки бо ниёзе пушти дари Қасри раисиҷумҳур мераванд, аммо касе ҳозир намешавад барояшон кӯмак кунад?
Ва дарвоқеъ намефаҳмам, ки барои мо манофеъи миллӣ чист? Ин ки ба номи Раҳмон савганд хӯрем, ӯро арҷ гузорем, шоҳ гӯем, барояш шеър нависем, таъриф кунем, китоб эҷод кунем ва аз ҳама иштибоҳи ӯ чашм пӯшем? Ё бигӯем, ки давлат дидаву дониста мехоҳад сокинони фақирашро аз ҷойи корашон маҳрум ва ё андозро барояшон гаронтар кунад?
То имруз ҳамагӣ аз мавқеъи раисиҷумҳур ва команди ӯ пуштибонӣ карданд. Фақат ба далели ин ки сулҳу субот халалдор нашавад. Аммо дидем, ки вазъ беҳбуд наёфтааст.
Ҳанӯз атфоли мо бе боғчаи бачагона ҳастанд. Ҳанӯз наврасони мо дар вагонҳо дарс мехонанд ва қисмати бештари онҳо муаллим надоранд. Муҳоҷират то нуқтаи охираш расидааст, ки дигар тифли мо дар ғурбат ба дунё меояд.
Акнун тифлони мо зиндаятиманд ва падари худро солҳост, ки надидаанд ё фақат “хатти сиёҳ”-ашро гирифтаанд. Пас, мо бояд ин ҳамаро пинҳон кунем ва гӯем, ки ҳама олист ва мо камбуд надорем? Он вақт ба шумори онҳое дохил мешавем, ки аз манфиати миллӣ ҳимоят мекунанд?
Бо ин то куҷои дигар хоҳем расид? То куҷое, ки аз ҳоло миллат хору залил шудааст. Миллат то гардан дар қарз ғӯтидааст.
Боъис ба малоли хотири бархеҳо нашавад. Аммо нашрияҳои ба ном мустақили Тоҷикистон, ки асарият ба номи “худшиносии миллӣ”, “ғурури миллӣ” бозӣ мекунанд, дар назди ин давлату ҳукумат дасти кӯтаҳ доранд. Ва фикр мекунанд, ки ҳузур ва бақои ин ҳукумат миллат аст ваманфиати онҳо, манфиати миллат аст.
Беш аз ин дигар намешавад халқро гӯл зад. Онҳо дигар фаҳмидаанд, ки мо то куҷо ҳақиқатро мегӯем ва то куҷо аз ҳақиқат фосила мегирем. Барои ҳамин ҳатто серхонандатарин рӯзномаи тоҷикизабон тақрибан даҳ ҳазор тираж надорад. Халқи мо мехоҳад рӯзнома хонад. Аммо рӯзномаи хонданӣ надорем. Нашрияҳо ҳам косалес шудаанд. Ва халқ нашрияеро намехарад, ки ҳама мушкили ӯро сарфи назар кардааст. Агар не, чаро “Рӯзи нав” дар бозори матбуоти Тоҷикистон серхаридор буд?
Барои ҳамин, як бори дигар фикр кунед: Шумо дурӯғ мегӯед ва ё онҳое, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд ва аз мушкили сокинон мегӯянд?
Ва ҳам бияндешед: Магар ҳимоят аз мавқеъи ҳукуматдороне, ки то кунун натавонистаанд ҳафт милюн тоҷикро дар сарзамини худашон хушбахт гардонанд, ҳимоят аз манфиати миллист ё хиёнат ба он???
Who Is Mr. Абдураззоков?

Барзу Абдураззоқов
Ҳоло мо ба ин суол посух гуфта наметавонем. Ҳаққи посух гуфтанро ҳам надорем. Ҳатто вазорати фарҳанг ва ҳатто мақомоти расмии Тоҷикистон.
Вай бо андешаи бузургаш дар мағзи мо намеғунҷад. Мо таҳаммули андешаҳои ӯро надорем. Вай мехоҳад мағзи моро ба ҷунбиш орад. Мо сукут ва хуфтагиро аз бедорӣ ва ҳушёрӣ авло мешуморем.
Ӯро ғурури миллияш ором намегузорад, то моро ба қурбонӣ диҳад. Қурбонии бесаводӣ, нотавонӣ ва ноумедӣ. Вале мо дар ғами ғурури миллӣ дум-думи одамоне меравем, ки аз ҷумлаи раҳгумзадагонанд ва моро раҳгум мезанонанд.
Мо онҳоеро дӯст медорем ва рӯйи рӯйи даст бармедорем, ки аз манфиаташон дида зарарашон бисёр аст, ба мо фишор меоранд, моро мисли гӯсфандҳои кӯҳӣ шӯбонӣ кунанд.
Мо онҳоеро дӯст намедорем ва тақдир намекунем, ки ба пуштибонии мо мехезанд ва мехоҳанд моро аз ботлоқи кулфатҳо берун оранд.
Мо тарсу ва гумроҳу хастадилем. Алови чашми моро гирифтаанд. Мо танҳо барои намурдан зиндагӣ мекунем. Мое, ки кайҳо мурдаем, аммо зинда. Зиндаи бемағз, бесарнавишт ва заъифу бечора.
Аммо Барзу Абдураззоқов аз дунёи дигар аст. Дар дилаш шӯр дорад, ишқ дорад, меҳр дорад ва мағзаш кор мекунад. Идея дорад. Вай метавонад. Вай аз ӯҳдаи кори худ мебарояд. Вай тағо надорад, ки сенарияи намоишномаашро навишта диҳад. Вай ба ақлу андешаи худ бовар дорад.
Панҷ сол пеш аз ин ӯро дида будам. Дар Хуҷанд. Сӯҳбат аз театр рафт. Дар гирдоби ғам печида буд ва мегуфт, ки баъди даҳ сол мо барои театрҳои худ коргардон намеёбем. Вай аз он шиква кард, ки Барзуро ҳанӯз ба унвони ҷавонтарин коргардон муаррифӣ мекунанд. Дар ҳоле ки синнаш аз чиҳил гузаштааст ва ин унвонро бояд нафари дигаре соҳибӣ мекард.
Барзу девона аст. Девонаи кори худ. Девонаи театр. Вай гӯиё танҳо барои театр зода шудааст. Вай президенти касби худ аст ва ниёз ба инқилоб барои сарнагунии курсиҳои президентӣ надорад.
Вале мақомоти Тоҷикистон аз ҳар қадами он дар шигифтанд. Аз ин ки, мабодо рӯзе Барзу дар саҳна алайҳи онҳо намоишнома ташкил кунад. Ё асрори пасипардагии рӯзгори онҳоро бо бардоштани пардаи театр нишон диҳад. Барои ҳамин, ин қадар аз ӯ метарсанд. Рост мегӯям, метарсанд. Агар натарсанд, ҳич вақт барои як намоишнома худро ба кӯйи “бадномӣ” намекашанд. Ҳарчанд аз ин бадтар то гардан ба бадномӣ ғӯтидаанд.
Агар не, ба ҳич ваҷҳ Барзуро намегузоштанд, ки театри Хуҷандро тарк кунад. Ин Барзу буд, ки бо заҳматаш номи театри Камоли Хуҷандиро то Фаронса бурд ва аз ҳич чиз як чиз сохт. Ва ҳам намегузоштанд, ки Барзу аз раҳбарии театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар Душанбе истеъфо диҳад.
Мо имрӯз Барзуро қадршиносӣ намекунем. Аммо ӯро дар Тошканд дӯст медоранд. Ӯро дар Бишкек дӯст медоранд. Ӯро дар Фаронса дӯст медоранд ва меписанданд. Мо ва мақомоти мо аз ширкат дар намоишномаҳои ӯ метарсем. Вале толори намоишномаҳои ӯро сафирони кишварҳои хориҷӣ ва хориҷиён пур мекунанд. Мо забони ҳаммилати худро намефаҳмем, аммо дигарон мефаҳманд.
Мо ҳақ надорем, ки Барзуро аз они худ гӯем. Барои вай дар дили сиёхи мо чой нест. Барзу аз мо нест. Вақте андешаи ӯро қабул надорем. Вақте наметавонем намоишномаҳояшро бубинем.
Мо набояд бо номи Барзуи муваффақ барои худ ном кор кунем. Вай ҳам аз ману Шумо дилмонда аст. Ба мову Шумо ниёз надорад. Биёед, бештар аз ин дилашро нашиканем, девонаҳои соли 2009!
Ки лоики мансаби худ аст?
Косим Рахбарович Косимов, собик раиси устони Сугд, хамаги як сол мешавад, ки вазорати умури кишоварзиро ухда мекунад. Вайро раисичумхур ба он хотир ба ин ришта овард, ки накшаи пахтаро комил кунад ва ин риштаи нимачонро “чон” бахшад. Вале (шояд шурбахтона ва ё хушбахтона) имсол хузури чаноби Косимов низ натавонист риштаи кишварзии кишварро аз варта начот дихад. Имсол, баръакси интизорихо, вохидхои кишоварзи дар руйоруйи бо бухрони саросарии моли ба даххо мушкил гирифтор шуданд. Акнун намедонам, Косим Косимовро дар мачлиси солонаи хукумат Эмомали Рахмон ситоиш мекунад ё танкид, вале хамин нукта аён аст, ки дигар у дар ин вазорат дер намепояд ва у наметавонад ин риштаро ухда кунад… 
Муродали Алимардон, яке аз мукаррабони президент Рахмон аст, ки натанхо барои чурмхояш ба сифати раиси Бонки Милли чазо нагирифт, балки ба мансаби болотаре рафт. Аммо раисичумхур ба у як сол пештар гуфт, ки ба пояш муза пушаду заминхоро ба кор дароварад. Аммо музахои окои Алимардон хам натавонист замини мисли сокинонаш камхуну бечонро ба кор оварад. Рушан нест, ки ин дафъа Муродали Алимардонро окои Рахмон ба кучо мефиристад. Шояд бо халату сатил ба ферма баои парвариши модаговхо???

Окил Гайбуллоевич Окилов аз пиртарин хайъати хукумати Эмомали Рахмон аст, ба кавли бештари шорехон замони худохофизияш бо мансаби сарвазири расидааст. Окил Окилов бештр аз нух сол инчониб сарвазирии Точикистонро ба ухда дорад, вале тули ин уаз хомуштарин узви хукумати окои Рахмон буд. Бисёрихо бо ишора ба ин хислати “писандида” -и у таъкид мекунанд, ки шояд Рахмон барои чанд соли дигар уро дар “хазина”-и худ нигах дорад. Зеро барои у нафароне лозиманд, ки мисли Окилов хомуш ва фармонбардор бошанд. Аммо дигар будан ё набудани Окилов дар хукумати Точикистон барои бисёрихо бемаъни шудааст ва мегуянд, ки бехтар аст у дар хонаи худ назди зану фарзандонаш дами пири ронад…
Собик Хайриннисо Мавлонова ва холо Хайриннисо Юсуфи аз зумраи пуркортарин ва фаъолтарин хайъати хукумати Рахмон номабар мешавад, ки холо раиси Кумитаи занон аст. Аммо бисёрихо мегуянд, ки шояд ин дафъа у Абдучаббор Рахмонов, вазири маорифи Точикистонро иваз кунад. Вале бо ишора ба зан ва бахусус, зани шимоли буданаш эхтимоли таъйини у ба вазифаи сарвазириро ха аз эхтимол дур намедонанд. Ба хар хол, у дар кори худ устухон надорад. Агар зарур ояд, хар корро ба ичро расониданаш мумкин. Ба кавле агар ватан зарур донад, синаи худро сипар мекунаду агар зарур ояд, бо музахои чармин пояхои пахтаи точикро неру мебахшад. Ба хар сурат, хузури у дар хукумати Рахмон ба манфиат хасту бар зарар нест. Забони буррову сухандонияш кофист, ки уро дар катори бехтаринхо чой дихем!
Ин чавони сохибмансаб Асадулло Рахмонов аст, ки акнун эхтимоли ба зинахои баландтари хукумат рох ёфтанашро касе рад намекунад. Вай тули ин чанд соле, ки рахбари Кумитаи радио ва телевизонро ба ухда дорад, тавонист ба манфиати оне кор кунад, ки уро ба ин мансаб таъйин кунад. Яъне вай садокати худ ба ватанро не, садокаташ ба президентро бармало нишон дод ва ба боварии чаноби оли сазовор шуд. Ин чавонест, ки агар аз боло хез гуянд мехезад ва шин гуянд мешинад. Агар гуянд, ки хич як аз телевизион ва радиохои чамъияти мучаввиз дарёфт накунанд, вай ба хич кас ичозаи фаъолиятро намедихад. Бисёрихо мегуянд, Асадулло Рахмонов тоза забони кори худро ёфт ва метавонад чанд соли дигар ин кумитаро тахти идеолужики рахмони нигох дорад ва нагузорад, ки касе камбудхои хукуматро нишон дихаду аз сахтихои рузгораш лаб ба шиква кушояд. Халолаш бод метавонад-де!
PS: Дар ин катор мешавад аз Сафарали Начмиддинов, вазири молия, Бобочон Гуломзода, вазири рушди иктисод, Шерали Гул, вазири саноат ва энержи, ёд кард. Аммо “ба шустан занги нагардад сапед”…
Окил Окилов: Ё “ПЕНСИЯ” ё хидмати РАХМОН

"Хама карсак бизанем..."
ОКИЛ ОКИЛОВ МЕРАВАД?
Бештари коршиносон бо таваччух ба натичагири аз фаъолияти солонаи хукумат, ки нимаи мохи январ баргузор мешавад, мегуянд, шояд Окил Окилов, нахуствазири Точикистон, бо 65 сол синн ин дафъа курсиро барои дигарон холи кунад.
Окил Окилов бештар аз нух сол аст, ки дар макоми нахуствазирии хукумати Эмомали Рахмон карор дорад ва расонахои кишвар борхо уро барои камкори ва накши ночизаш дар макоми нахуствазири танкид кардаанд.
Ба навиштаи расонахои дохили вай аз чумлаи нахуствазиронест, ки то хол на садояшро шунидаанд ва на мавзеъгирии у дар мавриди ин ё он масъалаи марбут ба Точикистонро дидаанд. Аммо раиси Анчумани сиёсатшиносони Точикистон Абдулғани Мамадазимов мегуяд, Окил Окилов аз чумлаи бехтарин “бозигар”-е буд, ки тавонист тули ин муддат накши худро дар хукумат содикона ичро кунад:
“Накши сарвазир хеле назарногир аст ва ин накшро Окил Окилов хуб бози мекунад. Барои хамин гуфта наметавонам, ки баъд аз рафтани у кадоме рози мешавад, ки ичрои накши сарвазирро ба ухда гирад. Зеро холо барои сарвазир будан симои сиёси ва ё рахбари лозим нест, балки як симои маъмури ва фармонбардори зарур аст”.
Окил Окилов ба сиёсати калон баъд аз солхои навадум рох ёфтааст. Вай аз соли 1993 то 1994 вазири умури сохтмон ва баъд аз он то соли 1996 муъовини аввали раиси устони Суғд буд.
Чаноби Окилов дар маснади нахуствазири соли 1999 Яхё Азимовро иваз кард ва севвумин шимолие буд, ки ба макоми сарвазири даст ёфт.
Холо у аз солмандтарин аъзои хукумати Эмомали Рахмон махсуб меёбад ва ду сол пеш аз ин мухлати хидматаш дар “команда”-и ин хукумат ба анчом расидааст.
ЧАРО НАКШИ НАХУСТВАЗИР ДАР TJK КАМРАНГ АСТ?
Шокирчони Хаким, муъовини раиси Хизби сотсиал-демократи Точикистон, мегуяд, дар холе ки сарриштаи тамоми кори давлат дар ихтиёри раисичумхур аст, нахуствазир ба ном макомест, ки дар хукумат чой дорад. Ва ба кавли у, будан ва ё набудани Окилов низ наметавонад ин мушкилро хал кунад:
“Имруз сарвазир дар Точикистон ягон масъулият надорад. Факат тавре аз тачруба бармеояд, дар сурати номуваффак шудан дар ягон самти фаъолияти хукумат раисичумхур сарвазирро хамчун шахси сарзанишшаванда истифода мекунад. Бинобар ин, шахсияти сарвазир миёни чомеъаи Точикистон ягон махбубият надорад, зеро ки таъсири муассир дар низоми хокимият надорад”.
Вале Махмад Рахимов, вакили мардумии Порлумон, камрангии накши нахуствазир дар кишварро сарфи назар мекунад ва мегуяд, ки Конуни асоси барои сарвазир хам салохиятхои хосро ихтисос додааст, ки у дар доираи он фаъолият мекунад.
Давлати Усмон, сиёсатшиноси точик ва собик муъовини нахуствазири Точикистон, сарвазирро танхо танзимгар ва ё ёвари раиси хукумат медонад. Вай мегуяд, сарвазири Точикистон дар тасмимгирихо дасткутох аст ва ин дасткутохи боъис ба поин рафтани нуфузи макоми у дар чомеъа шудааст.
Вай дар тавзехи бештари ин масъала гуфт: “Аслан се шакли давлатдори вучуд дорад, ки яке раёсати ва яке нимраёсати аст, мисли ин ки дар Фаронсаву Русия нахуствазир раиси хукумат мебошад. Дигаре хукумати порлумонист, ки хукумат дар дасти нахуствазир карор дорад. Точикистон бошад, дар кисмати аввал аст, яъне хукумати раёсати”.
ДИГАР НАХУСТВАЗИР НАДОРЕМ?
Бо ин хол, ба кавли коршиносон, Точикистон солхост, ки ба як сарвазири нав ниёз дорад. Аммо ба гуфтаи онхо, то хол ба ин маком шахсе наомадааст, ки тавонад норасоихои президентро чуброн кунад ва як гушаи бори сангини идораи кишварро бар душ гирад.
Вале нашрияхои Точикистон тахмин мезананд, ки агар раисичумхур хохад, Хочи Акбар Турачонзода, Косим Косимов, Хасан Асадуллозода, Сайфиддин Тураев ва Бехзод Файзуллоев аз чумлаи номзадхо ба макоми нахуствазириянд, ки метавонанд Окил Окиловро иваз кунанд.
Аммо, бадбахтона ин мансабро ба номи шимолихо, бахусус, хучандихо насб кардаанд, ки то имруз каси дигар натавонистааст ин маснадро сохиби кунад. Пас, мунтазир мемонем, ки Хучанд кай боз мисли Окил Окилов як нахуствазири хаппаке ба Рахмон такдим мекунад???

