ДУРӮҒИ Муродалӣ АЛИМАРДОН фош шуд?

140_news37221

Муродали Алимардон

Ҳич бовар накарданист. Аммо бовар накарда ҳам намешавад. Баъд аз се моҳи аудити махсуси Бонки миллии Тоҷикистон, ки аз сӯйи як ширкати бритониёӣ анҷом шудааст, аз натиҷаҳои он хабар дода шуд.

Дар як гузориши сисаҳифагӣ, ки дар саҳифаи интернетии Бонки Миллӣ нашр шудааст, аудиторҳо нахуст аз мувоҷеҳ шуданашон барои дарёфти баъзе аз маълумот изҳори ташвиш кардаанд. Аммо дар идомаи гузориш онҳо ироаи иттилоъи носаҳеҳ аз ҷониби Бонки миллӣ ба Сандуқи байнулмилалии пулро, ки муддате обрӯйи Тоҷикистон дар назди ин созмон ва кишварҳои сармоягузорро доғдор кард, ба Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонк, марбут донистаанд.

Ба навиштаи аудиторҳои ширкати Эрнст & Янг, ҷаноби Алимардон иқрор кардааст, ки маълумоти носаҳеҳ бо фармони ӯ ироа шудааст, чун вай ин амрро барои сармоягузории соҳаи пахтакорӣ ногузир донистааст. Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки дар фаъолияти раиси собиқи бонк ба истилоҳ «бархӯрди манофеъ» дида мешавад, чун бародару падар ва худаш раҳбар ва ҳамшарики ширкатҳои сармоягузори соҳаи пахтакорӣ будаанд.

АЗ ИН ҶО МЕТАВОНЕД, НАТИҶАИ АУДИТИ МАХСУСИ БОНКИ МИЛЛИРО, КИ АЗ СӮЙИ АУДИТОРҲОИ ШИРКАТИ БРИТОНИЁИИ «ERNST & YOUNG» АНҶОМ ШУДААСТ, БУБИНЕД:

nbt1

Баррасии фаъолияти Бонки миллӣ аз сӯи ширкатҳои мустақили аудитӣ яке аз дархостҳои Сандуқи байнулмилалии пул буд, ки ба далели ироаи иттилоъоти ғайривоқеъӣ аз сӯи ин бонк ба Сандуқи байнулмилалии пул сурат гирифта буд.

Соли гузашта Сандуқи байнулмилалии пул мақомоти Тоҷикистонро дар ироъаи иттилоъоти ғайривоқеъӣ ва бар асоси он дарёфт намудани беш аз 47 миллион доллар муттаҳам карда, аз Бонки миллии Тоҷикистон хост, то ин маблағро баргардонад. Бонки Миллӣ ҳам ин иддаъои Сандуқи байнулмилалии пулро куллан пазируфт ва гуфт, ки пули онро бозпас медиҳад.

Беш аз 47 миллион доллари дарёфтнамудаи Тоҷикистон, ки мебоист барои коҳиши низоми камбизоъатӣ дар кишвар масраф мешуд, он ҳамаро ҷаноби Алимардон раиси вақти Бонки Миллӣ барои рушди соҳаи пахтапарварӣ, ки фоидааш ба кисаи онҳо низ мерасид, сарф кардааст. Дар ин бора низ дар гузориши аудиторони Бонки Миллӣ ишора рафтааст.

Дар сӯҳбат бо аудиторҳо худи Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки Миллӣ ва ҳоло муъовини сарвазир дар риштаи кишоварзӣ, гуфтааст, ки ҳадаф аз рӯпӯш кардани иттилоъи дақиқ рушди пахтапарварӣ буд. Чун ба таъкиди ӯ дар минтақаҳои Тоҷикистон пунбапарварӣ шуғли аслӣ ба ҳисоб меравад ва давлат бояд аз онҳо ҷиддан пуштибонӣ кунад.

Аммо дар идомаи гузориш омадааст, ки бештари мавболиғи гирифта аз Сандуқи байнулмилалии пул ба ширкати «Хима» дода шудааст, ки он ба Исматулло Ҳаёев ва Муродалӣ Алимардон тааллуқ доштааст. Аммо ҷаноби Алимардон ин нуктаро радд карда ва гуфтааст, ки ин танҳо овозае беш нест.

Акнун саволе дар миён меуфтад, ки кӣ бояд маблағи Сандуқи байнулмилалии пулро диҳад: Бонки Миллӣ ё Муродалӣ Алимардон? Ва ҳам посухи саволе бояд рӯшан шавад, ки чаро ҷаноби Алимардон якбора аз Бонки Миллӣ ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ рафт? Чаро вай дар Бонки Миллӣ наистод, то аудити он анҷом ёбаду дурӯғҳо фош шаванд ва гунаҳкорон муҷозот шаванд?

Дар ин бора субҳи имрӯз саҳфаи интернетии Радиои Озодӣ ҳам навиштааст. Аммо ҳоло ба далели номаълум нукоти калидии ин гузориш рӯйи сафҳаи Бонки Миллӣ кушода намешавад. Шояд баъд аз он ки баъзеҳо аз он огоҳ шуданд, Бонки Миллӣ гузоришро қуфл задааст.

Ответить на запись