
Салмон Лангариев
Бобои Салмон ё Салмон Лангариев ба ин натиҷа фақат баъд аз он расидааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмадсайид Убайдуллоев ӯро натанҳо ба ҳузур напазируфтаанд, балки додашро ҳам нашунидаанд. Ин ду нафаре, ки ба гуфтаи Бобои Салмон, замоне барояшон хидмат карда одами зарурӣ будаасту ҳоло нозарур шудааст…
“Дӯстони кӯҳна ба мо хиёнат карданд…”, – ин ҷумларо низ Бобои Салмон гуфтааст. Вай ҳарчанд аз дӯстони хиёнтакораш ном набурдааст, аммо аз рӯйи шикваҳояш рӯшан аст, ки Раҳмон ва Убайдуллоев шарти дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ӯро риъоят накардаанд. Ҳатто ба гуфтаи Бобои Салмон, Убайдуллоев дар посух ба телеграммае, ки аз ӯ гирифта буд, чунин навиштааст: “Қабул карда наметавонем. Ба куҷо мехоҳӣ, навис…”
Салмон Лангариев – падари Сӯҳроб Лангариев аст, ки ахиран бо ҳафт тан аз ҳамроҳонаш аз сӯйи Додгоҳи олӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Салмон Лангариев аз ин бархӯрди ҷиддии мақомот бо фарзандаш башиддат изҳори норизоятӣ кардааст.
Вай ба ҳафтаномаи “Нигоҳ” гуфтааст, дар мурофиаи додгоҳии писару ҳамроҳонаш ба ҷуз ӯ ҳич нафари дигаре даъват нашуданд. Бобои Салмон, ки солҳои тӯлонӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кардааст, мегӯяд, бояд парванди гурӯҳи Сӯҳроб дар Кӯлоб баҳс мешуд. Аммо ба гуфтаи вай, мақомот аз халқи Кӯлоб тарсиданд. Ба ин далел, ки ба қавли Бобои Салмон сокинони Кӯлоб ба по мехестанд ва аз Сӯҳроб Лангариеву ҳамроҳони ӯ дифоъ мекарданд.
Судҳо низ мавриди интиқоди Бобои Салмон қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи вай, судҳо дар Тоҷикистон дигар мусутақил нестанд ва бори тобеияти ҳукуматро мекашанд. Вай бо ин ҳама қаноъат накарда ва гуфтааст, бори дигар ба нияти сабук кардани мӯҳлати ҷазои фарзандаш ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат мекунад ва агар ин ҳам нашавад, аз Идораи умури ҳуқуқи башари Созмони Милал додхоҳӣ хоҳад кард.
Эълони ҳабси якумрии Сӯҳроб Лангариев ва ҳамроҳони ӯ ҳамчунин вокунишҳои мухталиферо дар маҳофили Тоҷикистон дар миён гузоштааст. Аммо он чи ки бештар коршиносон ва фармондеҳони собиқро ба андеша водор мекунад, бархӯрди ҷиддии мақомот бо Сӯҳроб Лангариев ва шарикони ӯст. Дар ҳоле ки то моҳи майи соли гузашта номи Сӯҳроб Лангариев барои ҷомеаи Тоҷикистон чандон ошно набуд ва ҷиддан аз ӯ ба унвони мухолифи мусаллаҳи ҳукумат ҳам ном бурда намешуд.
Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни пешини тоҷик, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки давлати Тоҷикистон бо “қурбонӣ” кардани Сӯҳроб Лангариев мехоҳад қудратмандии худ дар баробари мухолифони мусаллаҳашро баён кунад.
Соли гузашта худи Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳонаш, ки дар Раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккил дар Рашт, кор мекарданд, бо гурӯҳи махсуси Вазорати умури дохила вориди як даргирӣ шуданд. Мақомот алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз кард, аммо баъд аз сафари расмии Раҳмон ба Рашт онҳо мавриди авф авф қарор гирифтанд. Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳонаш дар посух ба ин бархӯрд бо талаби мақомот силоҳҳои худро ба давлат таслим карданд.
Мақомоти расмӣ то ҳоло аз пахши ҳар гуна иттилоъе дар бораи Сӯҳроб Лангариев ва шарикони ӯ худдорӣ мекунанд. Вале гуфтаанд, ки Сӯҳроб Лангариев ва аъзои дигари гурӯҳи ӯ барои даст доштан дар ҷиноёти марбут ба қочоқи маводди мухадир, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва мухолифати мусаллаҳона ба ҳукумат гунаҳкор ва ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд.
Вале баробари шикояти вакилони дифоъи онҳо, Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло имкони баҳси аризаи даъвогиро дорад. Ҳарчанд коршиносон ироъаи сабукие барои мӯҳлати адои ҷазои Сӯҳроб Лангариев ва ҳамроҳони ӯро баъид медонанд.

Лангари Лангариев
Сӯҳроб Лангариев, бародари хурдии Лангарӣ Лангариев, яке аз фармондеҳони аршади Ҷабҳаи Мардумӣ, моҳи майи соли гузашта дар пайи як амалиёти вижа дар Кӯлоб, дар манзили зисташ, боздошт шуда буд. Дар миёни онҳое, ки ҳамроҳи ӯ ҳукм гирифтанд, шаҳрвандони Афғонистон ва хешу ақрабои дигари Лангариеву Сангак Сафаров, фармондеҳи пешини Фронти Халқӣ, ҳам буданд.
Гуфта мешавад, ки баъди Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, раиси собиқи Оҷонси мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини “Тоҷикгаз” ва раҳбари демократҳои Тоҷикистон, Сӯҳроб Лангариев ва ёрони ӯ нафароне ҳастанд, ки бо ҷурми доштани силоҳ ва кӯшиши табадуллоти давлатӣ ба зиндон афканда шудаанд.
Вале Бобои Салмон ҳамоно ба уммед аст. Агарчи бовар надорад, ки ба гуфтаи ӯ дӯстони хиёнаткораш раҳм кунанд ва Сӯҳробашро ба ӯ баргардонанд…