Агар ЗИНДАГИ ин аст…


Бахманёри Мурод, нависандаи чавон, ки муаллифи ду китоб барои наврасон аст, дар рустои баландкухе дар вилояти Суғд зиндаги мекунад. Вай мегуяд, рузгораш дар бебарқихо пушти сар мешавад ва имкон намеёбад, ки пайваста аз технологияи муосир истифода кунад ва бо хамсолонаш дар ин ё он кунчи дунё тамос гирад.

img_4779

"Зиндаги аз ин бехтар буда наметавонд"

Бахманёри Мурод мегуяд, хамсолонаш дар дехот аксаран ба кори сахро машғуланд ва чахонашон чуз аз нигохубини гову гусфанд дар води ва тахсил дар мактаби миёна чизи бештаре надорад. Бо ишора ба ин нукта, Абдуқодир яке аз хамсухбатони дигари мо низ мегуяд, чавонони рустои умдатан дар бораи ояндаи худ хушбин нестанд ва агар хушбин хам бошанд, онро дар хампайванди бо Русия медонанд.

Хамчунин, ба гуфтаи Абдуқодир чавонони шахри тарбияи аслиро аз мураббиёни кудакистонхо мегиранд, ки он барои тавсеаи андешарони ва дарки масъулияти онхо дар зиндаги кумак мекунад.

Дар хамин хол, Фирдавс Хучаев, ки аксаран дар шахр зиста ва аз кишвархои хорич дидан кардааст, мегуяд, интихоб барои чавонон дар шахр васеътар аст ва чавонони шахри дар муқоиса бо чавонони дехоти озодтаранд. Ба гуфтаи Фирдавс, чавонон дар шахр макони махсуси истирохат доранд ва ё метавонанд соатхо дар китобхона ва ё бо дустони худ дар хиёбонхо ва ё дар интернет-кафехо нишинанд.

Бо ин вучуд, Сохибёри Толиб аз иттиходи Чавонони худшинос мегуяд, хам чавонони шахри ва хам чавонони дехотиро мушкили яксони бебарқи, бекори ва камбизоати дунболгир аст. Ба гуфтаи вай, тафовут танхо дар ин аст, ки агар чавонони дехоти ба далели надоштани маблағи кофи ва беманзили барои тахсил ба шахр наоянд, чавонони шахри бо истифода аз ин имконот тахсилро идома медиханд.

Сохибёри Толиб мегуяд, хатто дастури мақомоти Точикистон дар бораи ба пахтачини чалб нашудани наврасони мактабхон дар дехот асаре надорад ва бо вучуди сардихо онхо дар майдони пахтазор пахта мечинанд, пахтае, ки ба гуфтаи у на кимматаш барои онхо рушан асту на ба кучо сарф шуданаш.

Хамин тавр, андешахои чавонон дар бораи тафовути рузгори хамсолонашон дар шахру дехоти Точикистон яксон аст. Онхо бовар доранд, ки чавонони дехоти аксаран аз имконот махруманд ва чавонони шахри нисбат ба онхо аз истифодаи имконоти мавчуда дастдарозтаранд.


Один ответ to “Агар ЗИНДАГИ ин аст…”

  • JAMILA

    ХАК АСТУ РОСТ. САД ДАР САД МАН ТАРАФДОРИ ИН АКИДА ХАСТАМ

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.