ТУРКТОЗихои Иброхим Усмон ё Эмомали Рахмон?


Бахси НОТАМОМ

 

Бахси гузаштан аз хатти сириллик (кириллӣ) ба хати ф(п)орси моро дар нимарохи андеша гузоштааст.

 

Мо агар ба хати форси баргардем, рахбарони Маскав хандаи моро мефахмида бошанд???

Чаро “МИЛЛАТ” лаб фуру баст?

 

Иброхим Усмон, ки яке аз парвардахои Хизби комминисти собик аст, ба хич вачх чонибдори он нест, ки мо ба хати форси ру орем ва аз адабиёти чахонии ба хати форсибаргардоншуда бахравар шавем. Харчанд афроде мисли Иброхим Усмон кам нестанд, аммо нашрияи сиёсии “Миллат” (чопи Душанбе) уро мавриди танкид карор дод ва ба турктози руйи хат ва забони точики махкум кард. Ачибаш ин буд, ки пас аз чор рузи нашри ин матлаб, Эмомали Рахмон, раиси чумхурии Точикистон, дар арафаи тачлил аз Рузи забони точики мухолифи баргаштан ба форси баромад. Вай расман барои беш аз хафт милюн сокини Точикистон, ки нимаш мухочиру нимаш овора ва дарбадари кишвархои хорич аст, эълом дошт, ки мо барои гузаштан аз хуруфи сирилик ба хуруфи форсии арабиасос зарурат надорем.

 

Кабл аз ин изхороти окои Рахмон, вазири маорифи Точикистон Абдучаббор Рахмонов низ расман гуфта буд, ки точикон барои баргаштан ба хуруфи форси хич эхтиёче надоранд. Вале “Миллат” хамаи инро нодида гирифт. Ё зураш нарасид, ё нахост ба “имич”-и рохбарони кишвар “дог” бигузорад.

 

Мо зиёд интизор доштем, ки “Миллат” дар баробари изхороти гайримунтазираи Эмомали Рахмон вокунише нишон хохад дод. Зеро ин нашрия борхо даъво кардааст, ки дар хидмати ин забону миллат аст. Вале дигарбора маълум шуд, ки зураш холо факат ба проффесорони кухансол ва боз хам шимоли мерасад…

 

Гап хаст, АМАЛ нест

 

Агар мо ин кадар муддаии ашадии баргаштан ба хати форсием, чаро хич кадом аз мо намехохад нашрияе ба хатти форси чоп кунад?

 

Ё акаллан сохибнашрияхои муддаи наметавонанд чанд сафхаи рузномаи худро ба омузиши хати форси ва матолиби форси бибахшанд, то дигарон низ бо ин хат ошно шаванд. Ин корро хич кас намекунад. Зеро хуб медонад, ки баъдан нашрияи уро кам касон харидори мекунанд ва ин бар кисаи у “чабр” мешавад.

 

Хануз дар вучуди мо химмати химоят аз забону хати форси вучуд надорад. Хатто талошхои мо барои омузиши ин хат дар Точикистон чандон кобили ситоиш нест. Мо акаллан марказхои омузшии хати форсиро надорем. Пас, дуруст аст, ки мо хануз орзуи хоми баргаштан ба ин хатро мепарварем…

 

 

Агар мо мехоҳем, ки дигарбора ба ин хат баргардем, бояд дастаҷамъона талош кунем. Танҳо бо таҳқири Иброхим Усмон ва мисли у барин “паршикаста”-хои дигар ба чое намерасем.

 

Чаро мо бояд халли ин масъаларо расман аз Эмомали Рахмон такозо накунем? Чаро аз Абдучаббор Рахмонов талаб накунем, ки соати омузиши ин хатро дар макотиби Точикистон зиёдтар кунад? Чаро мо миёни мансабдорони точик як назарпурсиро анчом надодем, ки оё онхо чонибдори он хастанд, ик точикон ба хати форси баргарданд, ё на. Он вакт даъвои мо вокеъи ва хакикатбинона мебуд…

 

PS: Матлаби «Миллат» — «Турктозихо ба хат ва забони точики»-ро аз ин чо бубинед

 

About these ads

One response to “ТУРКТОЗихои Иброхим Усмон ё Эмомали Рахмон?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Выход / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Выход / Изменить )

Connecting to %s

Отслеживать

Get every new post delivered to your Inbox.

%d bloggers like this: