Радиои “Замона”: Манижа Давлатова (Манижаи Давлат) номи ошно барои дустдорони мусики дар Осиёи Миёна аст. Афгонхо ва ирониён низ уро мешиносанд ва бо таронаву ичрохояш ошноянд. Фурсате шуд, ки бо у ба гапу гуфтугуе дар бораи корхои тоза ва фаъолиятхое, ки дошт, бинишем.
Шахзодаи Самарканди: Тозагихое мешунавам, ки зиёд руйи сахна намеои ё таронаи тоза эчод намекуни. Далели хосе дори, ё аслан ин харфхо дуруст нестанд?
Манижаи Давлат: Дар хакикат, руйи сахна зиёд намеоям. Чун фикр мекунам, ки дар зиндаги хар рузи мо як сахнаи калон аст. Аммо ба хар хол, хама вакт дар ичро хастам, дар чустучу хастам. Аз сахнаи хунар дур хам бошам, аз ичро хич гох дур нестам. Чун зиндагии ман ичро аст, хар рузи ман ичро аст ва бидуни ичро як лахзаи худро тасаввур хам наметавонам бикунам.
Шахзода: Консерти Шумо дар Кобулро аз руи ЮтЮб дидам ва дидам, ки чи кадар истикболи хуб шуда. Дар фикри сафари дигаре ба Афгонистон нестед? Фикр кунам, дар таърихи Афгонистон ин аввалин ичрои зан баъд аз хукумати Толибон буд?
Манижа: Бале, бале. Баъд аз 33 соли чанг, ин аввалин консерти зан буд, ки дар сахнаи Афгонистон хунарнамои кард. Ва ин хам аз тарафи мо буд. Баъд аз он дари хунари Афгонистон боз шуд. Ва дидем, ки аз хар гушаи дунё ба он чо рафтанд ва консерт ичро намуданд.
Шахзода: Мехохед дубора ба Афгонистон биравед ва консерт бидихед?
Манижа: Албатта, агар Худо хохад ва агар дар насибамон бошад. Шояд бо таронахои нав биравам. Чун хич гох худро танхо хунарманди точики намедонам. Хамин консерти Афгонистон буд, ки маро ба кадри имкон ба тамоми форсизабонон ошно кард. Ва ман хунарманди форсизабонам. Ба хар хол, Афгонистон ватани худи мо низ хаст. Иншоолох, бо сурудхои чадид, бо албуми чадид агар насиб бошад, хохам рафт.
Шахзода: Дар Узбакистон хам таронахои Шуморо зиёд гуш мекунанд ва дуст доранд. Дар фикри сафар ба Узбакистон нестед?
Шахзода: Аз таронахои ирони, ки бозхони мекуни ё карди, чи таронахоро бештар дуст дори? Таронахои киро?
Манижа: Таронахои хонум Гугушро. Таронахои хонум Лайлоро. Вале башиддат таронахои Гугушро, ки ба зиндагии харрузаи ман шабех аст. Бисёртар дар вактхое, ки танхои мекунам, ба таронахои хонум Гугуш гуш медихам.
Шахзода: Хонум Гугуш вокеъан дар Точикистон маъруф буд ва хаст. Ба назари Шумо, чаро хонум Гугуш ба Точикистон намеояд?
Манижа: Хонум Гугуш дар хакикат як зане хастанд, ки дар тули солхои зиёд хар касе мехост ба у монанд шавад. Лекин дар солхои тулони хич кас хам натавониста, ки чойи уро бигирад. Хонум Гугушро хамчунон дуст дорам. Мисли модарам. Хам хунармандхо ва хам мардуми точик зиёд эхтиром коил хастанд ва самими дусташон медоранд. Ва ман намедонам, ки чаро Гугуш ба Точикистон намеоянд. Ин суолро бехтар аз Гугуш пурсид…
Шахзода: Дуст дошти, ки хонум Гугуш биёяд Точикистон ва бо хам ичро кунед, мисли ин ки бо хонум Лайло ичро дошти?
Манижа: Албатта, мехохам худам сафар кунам ба хар чое, ки у хаст. Дар ягон консерте, ки дар сатхи чахони барпо мешавад. Харчанд як зарраам дар пеши у, вале ба хар хол орзу дорам, ки бо ин зани бузург хамсадо бошам. Чун майли зиёд ба у дорам.
Шахзода: Хонум Гугушро ба унвони устод мешиноси ё ба унвони касе, ки ба ту илхом мебахшад?
Манижа: Ба унвони касе, ки ба ман илхом медихад. Ба унвони як зане, ки дар хакикат мехохам ба у монанд (шабех) бошам. Албатта, ба сабкаш на, чунки хар як хунарманд бояд сабки худро дошта бошад. Хислати мардонагияш ба ман сахт писанд аст. Чунон дусташ дорам, ки ангор мехри фарзанд ба модар дорад. Аммо дар хакикат у устоди хамаи мост. Устоди хамаи хунармандонест, ки аз у пайрави мекунанд. Фикр мекунам, чойи у дар зинаи болост.
Шахзода: Баргардем ба корхои худат Манижачон. Алъон, руйи чи сабке дори кор мекуни? Ба хамон сабке, ки каблан ичро карди ё сабки чадид аст?
Манижа: Дар чустучуи сабке хастам, ки ба сабкхои каблан ичрокардаам монанд набошад. Яъне, ин тавр аст, ки сабки худам бошад, аммо ин суруд ба суруди дигар монанд нашавад.
Шахзода: Чи касонеро бо худат ракиб медони? Ё аслан ракиб дори дар Точикистон дар ичро, дар хунар ва дар сахна?
Манижа: Ман хунарро барои мусобика ё ракобат интихоб накардаам. Хунар як чизе хаст, ки сирфан дусташ медорам ва ба касе хам кордор нестам. Ба кори худам машғулам. Ракобат хам бошад, бояд ракобати солим бошад. Ин ки ман бояд факат дар чойи аввал бошам, ин чиз дар ман нест…

21.04.2011 at 12:32
Салом Манижа Давлатова шумо дар хамаи Точикистон консертхои худро пешкаши мухлисонат карди
Дар оянда дар ш кулоб кансерт худро пешкаши мухлисонатон кардани хастед?