Music

Привет Тахмина, ты молодец мы гордимся тобой, мы проголосовали за тебя, и ты достойна занимать это место, потому что у тебя очень большая талант. Держись так и продолжай выступить на с цене, мы желаем удачи и в творческий выступлений. (Shoira, Moscow)

Тахмина Ниёзова дар "Интервидения"

Агарчи аз суханронии Эмомали Рахмон дар минбари Созмони Милал ифтихор накарда будам, вале барои пирузии Тахмина Ниёзова дар сахнаи «Интервидения» дар Сочи ашки чашм рехтам, ашки шоди ва ашки ифтихору рухбаланди…

 

Вай хануз чордах сол дорад, лекин тавонист дили хазорхо танро ба вачд оварад ва тасхир кунад. Вай корномаи Наргис Бандишоеваро, ки дар огози солхои навадум дар озмуни “Садои Осиё” дар Алмаати голиб шуда буд, такрор намуд. Тахмина бо ин корномааш нишон дод, ки точикон дар Русия факат мардикору гулому бехукук нестанд. Вай исбот кард, ки точикон низ инсонанд ва гузашта аз ин, инсони сохибаклу бохирад…

 

Ва барои аввалин бор мешунидам, ки номи точикро бо як шахомат ба забон мегирифтанд ва уро кахрамон эълом мекарданд… Мо бояд номи Тахминаро бо хатти заррин нависем. Номи вай дигар мисли номи Расул Бокиеву Абдусалом Юсуфов барои мо азиз аст.

 

Бовар кунед, фахр кардам ва дод задам, ки аз минбари баланди телевизионхои руси ва дар миёни намояндагони миллатхои дигар Тахмина хак дошт ба забони точики бигуяд: Рахмати калон. Ташаккури зиёд ба хамаи Шумо!!!

 

Ман метавонам хама чиро фаромуш кунам, вале ин дар ёди ман барои хамеша накш мебандад. Ба фикри ман, точик дигар наметавонад бо пахта бой шавад. Мо дигар наметавонем уран чустучу кунем ва лаъли Бадахшонро ба фоидаи худ бифрушем. Мо метавонем Тахмина баринхоро тарбият кунем. Мо вокеъан хам чунин чавонону наврасони сохибистеъдод дорем.

 

Хамаи мо мисли мансабдоронамон хомушу бесадо нестем. Мо садо дорем, неру дорем ва мо метавонем худро муаррифи кунем. Биёед, якчоя ва як бори дигар ба ифтихори ин духтари чордахсолаи комёб – Тахмина Ниёзова, набераи хунмарманди маъруф ва шашмакомсаро Боймахмад Ниёзов, каф кубем ва бигуем: Хуш бод, халолат бод!


Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.