ДУШАНБЕ: Ба чойи саг ОДАМРО ПАРРОНДАНД!

Posted on 15.04.2009. Filed under: Uncategorized | Tags: , , , , |

• Куштор: Оё инсонро метавон аз саг фарқ кард?
• Филмҳои амрикоӣ: Кӣ Рембо шудан мехост?
• Беэътиноӣ: Мурӣ, мурдан гир, ман туро саг гумон кардам…
• Ҷаноза: Осмон хун мегирист, аммо қотилон дар озодӣ буданд
• Такрори ҳодиса: Бори аввал нест, ки инсонро саг гумон мекунанд

1224622262_pistolet- Мо ҳарду баъд аз дарс дар клуби «Порт-Саид» ба ҳайси пешхизмат кор мекардем. Вақте аз кор баромадем, соат яки шаб буд. Чун нақлиёт набуд, мо пиёда сўйи хонаи Нуралӣ, ки дар кўчаи Назаршоев, ноҳияи Шоҳмансур воқеъ буд, роҳ пеш гирифтем. Ба «Вокзал» расидему ба он тарафи роҳ гузаштем. Назди бинои шўъбаи ноҳиявии «Амонатбанк» омадем, то тариқи бонкомат ба телефон пул гузаронем. Ҳамгоми баргаштан ба сўйи роҳе ки сўи хона мебурд, Нуралӣ ногаҳон гуфт:

- «Оҳ, маро парронданд» ва афтид.

Ман ўро ба рўйи даст бардоштам. Дидам, ки мошини 07-и сафед, рақами давлатиаш А01 56-38 РТ, ки тир аз он парронида шуда буд, рафт. Аз таксисте, ки дар он ҷой буд, хоҳиш кардам то мошини рафтаро баргардонад. Худам Нуралиро рўйи даст бардоштам. Вақте мошинро таксист баргардонд, нафарони дар он нишаста, – корманди милиса Сафаров Фаррух Ибодуллоевич, ронанда, Ҳақулов Юсуф ҳатто ба ман кўмак накарданд то Нуралиро ба мошин шинонам. Вақте ўро бо мошини ин нафарон ба беморхонаи «ёрии таъҷилӣ» бурдем, боз худам вайро аз мошин фароварда то дохили бино даровардам.

Ҳамшираҳои шафқат ўро қабул карданду ман ба хона занг задам. Баъди занг задан, худам аз ҳуш рафтам» -мегўяд Худоёров Сафар, ки ҳамон шаби наҳс бо Нуралӣ буд.
Барои бохабар шудан аз асли воқеа, ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кардем. Ёрдамчии прокурор Хайриддинов Бахтиёр дар мавриди ин ҳодиса чунин гуфт:

- Шаби 7 ба 8-уми апрели соли 2009, сардори истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур Ҳақулов Юсуф дар асоси қарори раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 10.03.2006 сол, таҳти №116 «Дар бораи чораҳои таъмини риоя ва иҷрои қонунгузории амалкунанда оид ба нигоҳдошти сагу гурба ва ҳайвоноти бемаҳсул ва пешгирии паҳншавии бемории хори (шояд «хориш» бошад -МТЖ) дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур» дар кўчаи Назаршоев, ба нест кардани сагҳои девона ва касал машѓул будааст.

Соати 1-и шаби 8-уми апрел, корманди милиса Сафаров Фаррух Ибодуллоевич, ронанда, Ҳақулов Юсуф барои амалӣ ин кардани қарор мебароянд. Ба Сафаров Ф. барои истифодабарӣ яроқи тамѓаи «Тоз», № 27518 дода мешавад.

Тахминан соати 3, дар кўчаи Назаршоев Ҳақулов Ю. ба тарафи саги девонае, ки дар назди истгоҳи «Роҳи оҳан» буд, ба воситаи яроқи оташфишон тир холӣ мекунад. Дар натиҷа, аз беэҳтиётии Ҳақулов Ю. тир аз саг гузашта, ба шиками роҳгузар Ҳасанов Нуралӣ Шералиевич расида, номбурда зарари ҷисмонӣ мебинад.

Дар ин маврид суоле беҷавоб мемонад, ки оё сардори истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур ҳуқуқ дошт аз яроқи оташфишон истифода барад? Охир, яроқ барои истифода ба корманди милиса Сафаров Фаррух Ибодуллоевич дода шуда буд-ку?

Дар ин воқеа ҳам ҳеҷ боварии кас намеояд, ки саг аз одам фарқ надошта бошад. Ҳарчанд масъулин даъво пеш меоранд, ки ҷавонон дар торикӣ буданд. Аммо, дар ин ҳолат ҳам, наход ба ҳар як сояи намуда, тир кушоӣ?

Вақте аз прокурор суол кардам, ки «Оё корманди ҳифзи ҳуқуқ ҳуқуқи хато кардан дорад?», чунин посух гирифтам:

- Ў ҳам инсон аст. Дар ин маврид парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.
- Оё онҳо ҳушёр буданд?
-Бале, дар ин маврид ташхиси тиббӣ гузаронида шудааст ва ҳар се нафари дохили мошин дар ҳолати ҳушёрӣ қарор доштанд.
- Тибқи гуфтаҳои шоҳиди ҳодиса Худоёров С. ба онҳо аз мошин тир холӣ кардаанд. Оё ин мувофиқи қонун аст?
- Бале, онҳо аз мошин нафаромадаанд ва ин беъэтиноӣ мебошад.
- Ба нафароне, ки нисбат ба кори худ хунукназарӣ мекунанд, чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст?
- Дар ин маврид пешгўйӣ кардан намехоҳам. Тафтишот идома дорад.
Аммо вақте пурсидам, ки «Оё ҷазои сахтарин ҳам нисбат ба ин «хунукназарон» метавонад ҷони ҷавони рафтаи Нуралии 20 соларо ҷуброн кунад?» прокурор ҷавоб дод:
- Албатта не.

Бояд бигўям, ки тахминан соле қабл дар ҳамин минтақа маҳз ҳамин хел ҳолат рух дода буд ва тибқи овозаҳо он ҷавон ҳам фавтида буд. Чун дар ин маврид аз Хайриддинов Б. пурсон шудам, иброз дошт, ки чун корманди нав аст, ин ҳодиса барои ў аввал аст. Баъди чунин ҳодиса чадин саволи дигар ба миён меояд, ки интизори посухи онҳо ҳастем ва мутмаинем баъд аз тафтишот посухи худро мегирем.

- Ҳақулов, ҳуқуқ дошт, ки аз яроқи ба зиммаи Сафаров вогузоршуда истифода бурда, шояд худро Рембо тасаввур намуда, аз мошин ба сўйи соя тир кушодааст?
- Вай аз куҷо муайян кард, ки саг девона аст?
- Оё корманди ҳифзи ҳуқуқ Сафаров ҳуқуқ дошт яроқи худро барои истифода ба нафари дигар диҳад?

***
- Вақте ўро ба беморхона бурдем, соат аз 3 гузашта буд. Тақрибан соати 3:17 ҷарроҳиро сар карданд ва он 3 соату 20 дақиқа давом кард, аммо тирро гирифта натавонистанд, – мегўяд Сафар.

- Нуралиҷон чор рўз дар вазнинхона хоб кард. Духтурҳо гуфтанд, ки сиҳат мешавад. Оҳ, агар медонистем, ки кори онҳо бефоида аст, додаракамро ба хона меовардем, ки чанд рўзи дигар меҳмон мешуд, -мегўяд апаи марҳум Заррина.

Рўзи 11 апрел, тақрибан соатҳои 12-и нисфирўзӣ ҷасади Нуралии ҷавонмаргро оварданд. Кўча пур аз одам буд. Ҳама ҷавон буданд, ҳамсинфону ҳамсабақон, ҳамкорону дўстони барои бори охир ба дидани Нуралӣ омада. Касе аз миёни онҳо ҳанўз намедонад, ки рўзе шояд Ҳақулови наве худро Рембо тасаввур кардаву ҷойи саг ўро шикор мекунад.
Борон беист мерехт. Гуё ҳаво низ қатори модари яккаписар мегирист…

Муҳайё НОЗИМОВА,
Маркази тадқиқоти
журналистии Тоҷикистон


Read Full Post | Make a Comment ( 2 so far )

Recently on ОЙИНА (З-инқилоб андеша кун, моро ба чашми кам мабин)...

ТУРАЧОНЗОДА: КОЗИи собик ё КГБ-и содик?

Posted on 15.04.2009. Filed under: Uncategorized | Tags: , , , , , , |

ХИММАТЗОДА: “ЧОР бор аризаи ИСТЕЪФОямро напазируфтанд”

Posted on 14.04.2009. Filed under: Uncategorized | Tags: , , , , , |

ДУРӮҒИ Муродалӣ АЛИМАРДОН фош шуд?

Posted on 10.04.2009. Filed under: Uncategorized | Tags: , , , , , |

«ДИЛАМ аз ҳукумат МОНД»

Posted on 10.04.2009. Filed under: Uncategorized | Tags: , , , , , , , , |

“ДУ ДУРУГИ BBC” ё манфиати милли манфиати давлатист?

Posted on 08.04.2009. Filed under: Uncategorized | Tags: , , , , , , |

Who Is Mr. Абдураззоков?

Posted on 03.04.2009. Filed under: Uncategorized | Tags: , , , , |

Ки лоики мансаби худ аст?

Posted on 15.01.2009. Filed under: Uncategorized |

Окил Окилов: Ё «ПЕНСИЯ» ё хидмати РАХМОН

Posted on 14.01.2009. Filed under: Uncategorized |

???

Posted on 12.01.2009. Filed under: Uncategorized |

ХУДОРО ФАРОМУШ НАКУНЕД!!!

Posted on 09.01.2009. Filed under: Uncategorized |

    About

    –БА МО МОНАНД НАШАВ, БЕХТАР ШАВ!–

    RSS

    Subscribe Via RSS

    • Subscribe with Bloglines
    • Add your feed to Newsburst from CNET News.com
    • Subscribe in Google Reader
    • Add to My Yahoo!
    • Subscribe in NewsGator Online
    • Последние комментарии ко всем записям в RSS
    • Subscribe in Rojo

    Meta

  • «Таквими интизори»

    Ноябрь 2009
    Вс Пн Вт Ср Чт Пт Сб
    « Апр    
    1234567
    891011121314
    15161718192021
    22232425262728
    2930  

Liked it here?
Why not try sites on the blogroll...